Мухолифини Арманистон ақибнишинӣ карданӣ нестанд

Имрӯз полиси Арманистон гуфт, ки дар пайи задухӯрди полис бо тазоҳургарони норозӣ аз натиҷаҳои интихоботи раёсатҷумҳурии моҳи ҷорӣ шаби гузашта ҳашт нафар ба ҳалокат расиданд. Сухангӯи полис Соат Шириниён ҳарчанд нагуфт, ки оё кушташудагон тазоҳургар буданд ё полис, аммо афзуд, ки дар натиҷаи даргириҳои ахир дасти кам 33 нафар маҷрӯҳ шудаанд. Имрӯз нирӯҳои полис ҳамроҳ бо танку зиреҳпӯшҳо хиёбонҳои пойтахт шаҳри Ереванро назорат мекунанд. Шаби шанбе раиси ҷумҳурӣ Роберт Кочарян дар робита ба нооромиҳои кишвараш ба мӯҳлати 20 рӯз ҳолати изтирорӣ ҷорӣ кард. Аммо бо ин вуҷуд, мухолифин мегӯянд, ки даст аз талаботи худ кашиданӣ нестанд. Ормон Мисиниён, сухангӯи номзади президентӣ Левон Тер-Петросян гуфт:

"Мо се талаб дорем: натиҷаҳои интихоботи раёсатҷумҳурӣ бекор шавад, онҳое, ки даст ба тақаллуби натиҷаҳои интихобот заданд, муҷозот шаванд ва ҳамаи боздоштшудаҳои сиёсӣ раҳо гарданд".

Тазоҳургарон бахши норозӣ аз натиҷаҳои интихоботи раёсатҷумҳурии Арманистон ҳастанд, ки 19 феврал бо пирӯзии нахуствазир Серж Саркисян анҷомид. Дар ҳамин ҳол САҲА гуфт, ки фиристодаи вижаи худро ба Ереван равон мекунад, то ки дар бӯҳрони сиёсии Арманистон миёнҷигӣ кунад.