8 кушта дар Арманистон дар пайи задухӯрд бо полис

Имрӯз полиси Арманистон гуфт, ки дар пайи задухӯрди полис бо тазоҳургарони норозӣ аз натиҷаҳои интихоботи раёсатҷумҳурии моҳи ҷорӣ шаби гузашта ҳашт нафар ба ҳалокат расиданд. Сухангӯи полис Соат Шириниён ҳарчанд нагуфт, ки оё кушташудагон тазоҳургар буданд ё полис, аммо афзуд, ки дар натиҷаи даргириҳои ахир дасти кам 33 нафар маҷрӯҳ шудаанд. Имрӯз нирӯҳои полис ҳамроҳ бо танку зиреҳпӯшҳо хиёбонҳои пойтахт шаҳри Ереванро назорат мекунанд. Шаби шанбе раиси ҷумҳурӣ Роберт Кочарян дар робита ба нооромиҳои кишвараш ба мӯҳлати 20 рӯз ҳолати изтирорӣ ҷорӣ кард. Ҳамакнун тибқи муқаррароти вазъияти фавқулодда дар Арманистон ташкил ва баргузории ҳама гуна гирдиҳамоиҳову намоишҳои мардумӣ манъ аст. Тазоҳургарон бахши норозӣ аз натиҷаҳои интихоботи раёсатҷумҳурии Арманистон ҳастанд, ки 19 феврал бо пирӯзии нахуствазир Серж Саркисян анҷомид. Онҳо мақомотро дар тақаллуби натиҷаҳои интихобот айбдор мекунанд.