Тазоҳургарон бо истифода аз нирӯ пароканда шуданд

Полиси Арманистон садҳо ҳазор ширкатдорони намоишҳои эътирозии майдони Озодии воқеъ дар маркази Ереванро, ки бо натиҷаҳои интихоботи раёсатҷумҳурии моҳи гузашта розӣ нестанд, бо истифода аз нирӯ пароканда карданд. Шоҳидони айнӣ мегӯянд, ки гурӯҳи полис ва нирӯҳои вазорати дохилаи кишвар майдонро дар соати 7 субҳ иҳота карданд. Барои пароканда шудани мардум онҳо аз чӯбдастҳо, гази ашковар ва шоки барқӣ истифода карданд. Чанд нафар маҷрӯҳ шуданд. Тибқи гузориши бахши армании Радиои Озодӣ, раҳбари мухолифин ва намоишҳои эътирозӣ Левон Тер-Петросян боздошт шудааст.