Идомаи тазоҳурот дар Арманистон

Наздик ба 20 000 нафар имрӯз дар Еревон, пойтахти Арманистон тазоҳуроти худро алайҳи натиҷаҳои интихоботи 19-уми феврал идома доданд. Онҳо мегӯянд, интихобот одилона ва шаффоф набуд ва дар ҷараёни он ба қонуншиканиҳо роҳ дода шуд. Дар ин интихобот сарвазири Арманистон, Серж Саркисян пирӯз дониста шуд, аммо тарафдорони рақиби ӯ, Левон Тер-Петросян талаб доранд, натиҷаҳои овоздиҳӣ беэътибор эълон шаванд. Дар ин байн Саркисян бо барандаи ҷои савум дар интихобот, Артур Багдасарян ёддошти тафоҳум ва ҳамкорӣ ба имзо расонд.