Полиси Норвегияву Шветсия шаш нафарро бо иттиҳоми маблағгузорӣ ва банақшагирии ҳамлаҳои ҳамоҳангшудаи террористӣ боздошт кард. Се муттаҳам дар Стокҳолм ва се тани дигар дар Осло дастгир шуданд. Хадамоти амниятии ҳарду кишвари скандинавӣ дар гузашта гуфта буданд, ки бовар меравад Норвегияву Шветсия чун пойгоҳҳои ёрирасон барои гурӯҳҳои тундрав хизмат мекунанд. Норвегия, ба ҳайси узви НАТО, артиши худро дар Афғонистон мустақар кардааст. Шветсия ҳам, бо вуҷуди адами узвияташ дар ин паймони низомӣ, 350 сарбози худро ба шимоли Афғонистон фиристодааст.