Мушак 13 ҷангии покистониро ба ҳалокат расонид

Мақомоти Покистон гуфтанд, ки мушаки болои як манзиле дар минтақаи қабиланишин партобшуда, ки дар марз бо Афғонистон воқеъ аст, 13 ҷангии эҳтимолиро ба ҳалокат расонидааст. Ин ҳодиса дар рустои Калошаи Вазиристони Ҷанубӣ рӯй дод. Сокинони маҳаллӣ гуфтанд, ки манзили мазкур комилан хароб шудааст. Вазиристони Ҷанубӣ дар ин охирҳо комилан таҳти назари ҷангиёни мухолиф ба ҳукуматҳои рӯ ба ғарби Покистону Афғонистон гузаштааст. Низомиёни амрикойӣ бовар доранд, ки дар ин минтақа раҳбарони аслии шабакаи террористии Ал-Қоида панаҳ мебаранд.