Президенти мунтахаби Арманистон оштӣ мехоҳад

Президенти мунтахаби Арманистон Серж Саркисян аз рақибони мағлубаш хост дар ташкили ҳукумати нави ин кишвар ба ӯ кумак расонанд.
Ҳангоми суханронӣ дар назди ҳазорҳо тарафдори ҳукумат дар майдони ҷумҳурии шаҳри Ереван Саркисян ба мухолифин паёми оштӣ фиристод.
Дар ин миён дар майдони Озодии пойтахти Арманистон пайравони рақиби мағлуб: собиқ президенти Арманистон Левон Тер-Петросян як ҳафта инҷониб гириҳамоиии эътирозӣ роҳандозӣ намудаанд. Онҳо мегӯянд, ки дар интихоботи 19-уми феврал мардумро фиреб доданд.
Ба ҳайси нишонии афзоиши ташаннуҷ хадамоти амнияти Арманистон иброз доштанд, ки онҳо чанд нафарро бо иттиҳоми нигаҳдошти аслиҳа ба хотири ишғоли телевизиони давлатӣ ва шабакаҳои радио боздошт намудаанд.