Ширкати воҳиди Газпроми Русия имрӯз бори дигар Украинаро таҳдид кард, ки мизони интиқоли газро ба ин кишвар коҳиш медиҳад. Хабаргузориҳои русӣ дар нақли қавл аз сухангӯи Газпром Сергей Куприянов навиштанд, дар сурате, ки Украина санадҳои интиқоли газро ба имзо нарасонад, шурӯъ аз рӯзи душанбе, 3 март ҳаҷми гази интиқолшаванда ба ин кишвар коҳиш дода мешавад. Оғози моҳи ҷорӣ Газпром гуфт, ки дар сурати адами тавофуқи миёни Киеву Маскав барои пардохти яку ним миллиард доллар қарзи Украина дар баробари Русия, ҷараёни интиқоли газ қатъ хоҳад шуд. Раиси ҷумҳуриҳои Украина ва Русия баъдтар эълон карданд, ки дар масъалаи пардохти қарз тавофуқе ҳосил шудааст. То ҳанӯз мушаххас нест, ки сабаби садо додани чунин таҳдиди нави Газпром чӣ буда метавонад.