Полис гуфт, ки ба хотири ҷилавгирии ҳамлаи эътирозгарон ба идораи консулгарии ИМА дар Баня Лука ҷониби издиҳом гази ашковар сар дода шуд. Эътирозгарон, ки сербҳои босниягӣ мебошанд, даст ба шикастани шишаву тирезаҳо зада ба ҷониби полис санг партоб мекарданд, дар ҳоле, ки нирӯҳои полис савори мошинҳои мусаллаҳ ин маҳалро иҳота карда буданд. Ин гурӯҳи хурди тазоҳургарон аз миёни даҳ ҳазор эътирозгари сулҳомез ҷудо шуда ба консулгарӣ ҳамла кардааст. Эълони якҷонибаи истиқлолияти Косово нигарониҳоро аз баҳам зада шудани эътидол дар Босния ба миён овард.