Сафири Эрон дар СММ гуфт, ки кишвари вай бо ҳеҷ як аз қатъномаҳои таҳрими барномаи ҳастаиаш мувофиқат нахоҳад кард. Муҳаммади Хазойӣ инчунин гуфт, ки талаби боздошта шудани барномаи ғанисозии ураниум ғайриқонунӣ мебошад. Тавзеҳоти мақоми баландпояи эронӣ дар ҳоле садо дод, ки ахиран панҷ узви доимии Шӯрои амнияти СММ ба иловаи Олмон барои баррасии стратегияи Эрон ташкили ҷаласа карданд. Се кишвари ин гурӯҳ, яъне ИМА, Бритониё ва Фаронса умед доранд, ки Шӯрои амният ҳафтаи ҷорӣ бахши сеюми таҳримҳоро болои Ҷумҳурии Исломӣ эъмол хоҳад кард.