Низомиёни Туркия мегӯянд, шумораи қурбониҳои ҳизби коргарии Курдистон, ки дар ҷараёни амалиёти заминиву ҳавоии сарбозони турк дар шимоли Ироқ ба ҳалокат расидаанд ба 153 нафар баробар шуд.
Дар изҳороти ситоди кулли артиши Туркия омадааст, ки аснои бархӯрд бо ошӯбгарони курд 17 сарбози турк ҳалок шудаанд. То ҳол ҳизби коргарии Курдистон дар бораи қурбониҳо чизе нагуфтааст.
Ҳамчунин манбаъҳои мустақил низ дар бораи қурбониҳои амалиёти низомииТуркия дар шимоли Ироқ иттилое ба табъ нарасонидаанд.