Дирӯз дар гузаргоҳи марзии Косово эътирозгарони серб ба тарафи афсарони полиси Косово сангу шиша партофта, 19 нафарро маҷрӯҳ карданд.
Сухангӯи полиси Косово Ветон Элшонӣ гуфт, тақрибан 150 эътирозгар савори мошинҳои боркаш аз самти Сербия ба марз наздик шуда, сӯи афсарон сангу шиша партофтанд. Полис бо истифода аз гази ашковар онҳоро пароканда кардааст.
Ҳамчунин нерӯҳои ҳомии сулҳи паймони Нато дар эҳёи назму субот ёрӣ расондаанд. Дар истеҳкоми сербҳои Косово: шимоли Митровитса беш аз 1000 серб ҳафт рӯз инҷониб эътироз доранд.