Иттиҳодияи Аврупо ба далелҳои амниятӣ дипломатҳои худро аз шимоли Косово хориҷ кардааст. Ин амр баъд аз як ҳафта тазоҳуроти сербҳои минтақа ба зидди эъломияи истиқлолияти Косово сурат гирифт. Намояндаи Иттиҳодияи Аврупо дар Косово Питер Фейс умедвор аст, ба зудӣ кормандони намояндагӣ ба шаҳри Митровиса бармегарданд, ки ҳадафи онҳо мусоидат ба ташкили нерӯҳои пулис ва додгоҳҳо дар Косово мебошад. Пештар аз ин давлати Амрико аз кормандони фаннӣ ва хонаводаҳои дипломатҳояш дар Сербистон хост, то ин кишварро тарк кунанд, чун рӯзи панҷшанбе, 21 феврал тазоҳургарони хашмгин сафорати Амрико дар Белгардро оташ заданд.