Ҷопон гуфт, ки барои коҳиши мизони ҷиноятҳо дар атрофи пойгоҳи низомии ИМА тадбирҳои амалӣ меандешад. Вазири хориҷаи Ҷопон Масаҳико Комура гуфт, ки як гурӯҳи посдорони иборат аз низомиёни амрикоиву ҷопонӣ таъсис меёбад, ки дар маҳалҳои тафреҳии сарбозон гашт мекунад. Амрико гуфтааст, ки иттилои бештарро роҷеъ ба низомиёне, ки дар беруни пойгоҳи низомӣ ба сар мебаранд, дар ихтиёри Ҷопон вогузор хоҳад кард. Изҳороти мазкур дар ҳоле нашр мешавад, ки хабари боздошт шудани як сарбози амрикойӣ бо иттиҳоми таҷовузи як духтари 14-сола дар ҷазираи Окинава ҳафтаи гузашта аксариятро такон дод.