Ҳиллари Клинтон рақиби аслии худ аз ҳизби демократро дар плагиати сиёсӣ айбдор кард. Тавзеҳоти хонум Клинтон дар ҷараёни музоҳираи телевизиониии CNN бо Барак Обама дар Техас садо дод. Дар ин аёлат 4 март қарор аст интихоботи муқаддамотӣ дойир шавад. Клинтон гуфт:
"Агар номзадии шумо маънои танҳо гап заданро дошта бошад, пас шумо бояд ҳарфҳои худро бизанед. Ин ба фикрам як кори оддӣ аст. Рӯбардор кардани фикри каси дигар тағйирот буда наметавонад, ин тағйирот танҳо нусхабардорӣ аст".
Обама иттиҳомоти мазкурро рад кард ва гуфт, ки демократҳо ба ҷои кӯбидани ҳамдигар бояд дар фикри пешрафти кишвар бошанд. То имрӯз Клинтон дар баробари Обама дар 11 аёлат мағлуб шудааст, аз ҷумла дар раъйдиҳии демкоратҳо дар хориҷи кишвар.