Артиши Туркия гуфт, ки нирӯҳои онҳо марзҳои шимолии Ироқро ба хотири муқобила бо шӯришиёни курд убур карданд.
Телевизиони хусусии NTV-и Туркия гуфт, ки шимоли Ироқро 10 ҳазор нирӯҳои кишвар убур карданд. Дар ҳоле, ки вазири хориҷаи Ироқ Ҳушёр Зеборӣ гуфт, ки Туркия танҳо "чандсад сарбози" худро ба Ироқ фиристодааст. Пентагон гуфт, ки аз Туркия тақозо кардааст, ба зудтарин фурсат амалиёти худро анҷом диҳад, дар ҳоле, ки Бритониёву Олмон тақозо карданд, ки Туркия дар чаҳорчӯби қавонини байналмилалӣ амал кунад. Вазорати хориҷаи Бритониё аз Анкара тақозо кард, ки нирӯҳояшро аз Ироқ берун кашад.