Тақозои Эрон аз Созмони Милали Муттаҳид

Эрон аз Созмони Милал тақозо кардааст, давлати Исроилро маҳкум намуда ва аз ӯ бихоҳад, то таҳдидҳояш барои маҳви барномаҳои атомии Эронро бас кунад.

Дар як нома ба Шӯрои Амнияти Созмони Милал сафири Эрон дар ин созмон Муҳаммад Хозӣ ба баёнияи нахуствазири Исроил Эҳуд Олмерт ишора кардааст, ки рӯзи 14 январ гуфта буд, кишвараш бо ҳар роҳе нахоҳад гузошт, то Эрон соҳиби силоҳи атомӣ шавад. Сафири Исроил дар Созмони Милал Дан Гиллерман номаи давлати Эронро “нафратовар ва хатарнок” хондааст.