Нархи як барел нафт ба 101,3 доллар расид

Дар бозори нафти Ню-Йорк рекорди нав гузошта шуд. Дирӯз дар ин шаҳр нархи як барел нафти хом ба 101,3 доллар Амрико баробар шуд. Сабаби болоравии нархи нафт овозаҳои то 40 % коҳиш ёфтани истихроҷи нафт дар мамолики узви Созмони кишварҳои истеҳсолкунандаи нафт (OPEC) мебошад.