Дар Ироқ муттаҳидони Муқтадо ал Садр-руҳонии шиъа мегуянд, вай дар чанд рузи оянда тасмими худро эълон хоҳад кард, ки оташбаси шашмоҳаро тамдид кунад ё тундравҳои ҷонибдорашро дубора ба кучаву хиёбонҳо бифиристад. Шайх Салоҳ ал Убайдӣ-сухангуи Муқтадо ал Садр гуфт, ки дар ин бора то 23-юми феврал эъломияе ба нашр хоҳад расид.