Президенти Косово Фатмир Сейдю аз ақаллияти сербтабори ин кишвар даъват кард, ки эътирозҳои хушунатборро канор гузошта, ба ҳаёти нав дар кишвари тозаистиқлол бипайванданд.
Рӯзи сешанбе сербҳои хамшгин аз истиқлоли Косово дар марз бо Сербия ду посгоҳи марзиро, ки таҳти назорати сарбозони СММ ва полиси Косово қарор доштанд, ба коми оташ кашиданд.
Дар паи ин ҳамла нерӯҳои ҳомии сулҳи таҳти контроли паймони Нато (KFOR) дахолат намуда, рафтуомад дар марзро мутаваққиф карданд.
Дирӯз ҳукумати Олмон ба эътирофи истиқлоли Косово мувофиқат намуд.
Ҳамин гуна аксари кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо ба эътирофи истиқлоли Косово мувофиқанд, вале баъзе аъзои дигари Иттиҳодия бо назардошти ҷумбишҳои ҷудоихоҳ дар дохили кишварҳояшон аз пазироии истиқлоли Косово худдорӣ мекунанд.
Русия мегӯяд, тасмими ирсоли полис ва намояндагии ҳуқуқии Иттиҳодияи Аврупо ба Косово пояи шаръӣ надорад ва минтақаро ноором хоҳад кард.