Ҳамлаи сартарошидаҳо ба тоҷикон дар Калининград

Хабаргузории Интерфакс гузориш додааст, ки панҷ шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба Калининград бо ҳадафи дарёфти рӯзи омадаанд, мавриди ҳамлаи гурӯҳе қарор гирифтанд. Як манбаъ аз мақомоти ҳифзи қонуни Калининград гуфт, замоне, ки тоҷикон аз хобгоҳе ба самти фурӯшгоҳ мерафтанд, ба онҳо гурӯҳи ҷавонҳои мусаллаҳ бо кордҳо ҳамла карданд. Вай гуфт, ҷавонҳои тоҷик, ки ҳоло дар шифохона мебошанд, гуфтанд, ки ҳамлагарон нишонаҳои сартарошидаҳоро доштанд. Гурӯҳи милиса, ки ба маҳалли ҳодиса ҳозир шуд, натавонист ҳамлагаронро боздошт кунад - "ҳамаи онҳо фирор карда буданд", гуфт манбаи полис ба Интерфакс.