Имрӯз дар наздикии идораи полиси Қандаҳор, ҷануби Афғонистон бар асари таркиши мошини бомбгузоришуда дасти кам як нафар ба ҳалокат расида, чаҳор тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Ин сеюмин таркиш аст, ки тайи се рӯзи охир дар Қандаҳор анҷом мегирад. Рӯзи якшанбе дар беруни Қандаҳор беш аз 100 нафар қурбони як таркиши интиҳорӣ шуданд. Рӯзи душанбе дар бозоре воқеъ дар наздикиҳои марзи Покистон бар асари таркиши маргталабона 38 нафар ҷони худро аз даст доданд. Ҳамлаи мазкур ҳайати низомии Канадаро ҳадаф қарор медод. Фармондеҳи калони нирӯҳои НАТО генерали амрикойӣ Ҷон Краддок гуфт, ки дар моҳҳои наздик интизор меравад ҳамлаҳои шӯришиён дар Афғонистон афзоиш ёбад.