Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ёдгор Файзов ба сокинони Рушон: "Ман шахсан ин мушкилиро бар дӯши худ мегирам"


Ҷамъомади сокинони ноҳияи Рушон дар назди бинои ҳукумат, 1 июни соли 2020 (Акс аз сафҳаи Мувирод Мувиродов)
Ҷамъомади сокинони ноҳияи Рушон дар назди бинои ҳукумат, 1 июни соли 2020 (Акс аз сафҳаи Мувирод Мувиродов)

Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) Ёдгор Файзов рӯзи 1 июн пас аз мулоқот бо сокинони ноҳияи Рушон гуфт, ҳалли мушкили марбут ба ихтилофи байни мардум ва мақомоти интизомиро бар дӯши худ мегирад.

Бо хабари сафари ӯ ба ноҳия даҳҳо нафар аз сокинони он ҷамъ омаданд то арзи худро дар робита ба боздошти ҷавонони деҳаи Барушон аз тарафи мақомоти интизомӣ барояш расонанд. Рӯёрӯӣ дар ҳоле авҷ гирифтааст, ки ба гуфтаи як манбаи наздик ба мақомоти интизомии Тоҷикистон маъмурони анмиятӣ мехоҳанд, "чаҳор нафари дигар бояд боздошт шаванд ва яке аз онҳо Ёдгор Ғуломҳайдаров", узви Иттиҳоди пешини мухолифони тоҷик (тарафи ҷанги шаҳрвандӣ) буда, гуфта мешавад, нагузоштааст, ки се гумонбар боздошт шаванд.

Баъд аз гуфтугӯ бо намояндагони ноҳияи Рушон, раиси ВМКБ Ёдгор Файзов гуфтааст: "Ман шахсан ин мушкилиро бар дӯши худ мегирам. Аз ин ба баъд ин проблемаи ману Ёдгор аст. Ваъда медиҳам, ки ин корро то охир пайгирӣ мекунам. Шумо ташвиш накашед".

Таҷаммуи сокинон ва сафари раиси вилоят дар пасманзари рӯёрӯӣ ё ихтилофи миёни сокинони деҳаи Барушони ноҳия ва кормандони амниятӣ иттифоқ меафтад. Бузургтарин ҷамъомади сокинон ба гуфтаи онҳо дар рӯзи 25 май ҷараён ёфта, аммо қазия 22 май ва боздошти сокини 44-солаи деҳаи Барушон Шароф Қобилов сар шудааст. Хабаргузории "Ховар" иттилоъ дода буд, ки "ҳангоми амалиёти боздошт Ш.Қобилов бо корд ҳуҷум карда,сардори шӯъбаи ноҳиявии КДАМ Чуянов Самариддинро захмӣ кардааст." Ба нақл аз мақомоти расмӣ Қобилов раҳбари гурӯҳи созмонёфтаи қочоқи маводи мухаддир унвон шудааст.

Баъд аз ҳабси Шароф Қобилов, ба гуфтаи як шоҳиди воқеа, кормандони амниятӣ барои дастгир кардани афроди дигаре омаданд, ки гуфта мешавад, ба ин амалиёти онҳо халал расондаанд. Ҳангоми боздошти ин гумонбарон Ёдгор Ғуломҳайдаров нагузоштааст, ки маъмурони амниятӣ ду наврасро бо худ баранд. Бо дахолати ӯ наврасон боздошт нашудаанд, вале рӯзи дигар "дар пеши “Пули сафед”-и ноҳияи Рӯшон, вақти баргаштан аз тарафи Хоруғ мошини Ёдгор Ғуломҳайдаровро пулис манъ ва ӯву ҳамсафаронашро ҳабс кард. Ҳамин хабар сабаби гирдиҳамоии сокинон мегардад, ки ҷамъ шуда, ҳангоми интиқоли ин боздоштшудаҳо аз раёсати КДАМ-и ноҳия ба заставаи марзбонӣ, онҳоро аз дасти амниятиҳо раҳо мекунанд."

Тасдиқи ин маълумот, ки як сокини маҳаллӣ ба Радиои Озодӣ дод, то ҳол муяссар нашудааст, мақомоти давлатӣ аз додани ҳама гуна маълумот дар ин бора худдорӣ намуданд.

Як сокини дигари ноҳияи Рӯшон гуфт, ки рӯзи 27 май гумонбари дигар Фирдавс Гадомамадовро ба дасти мақомоти қудратии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) супурданд, вале он вақтӣ аз онҳо талаб шуд, 4 нафари дигарро низ ба мақомот таслим кунанд. Сокинон мегӯянд, дар сурате ин талабро иҷро мекунанд, ки зидди ин чаҳор нафар танҳо парвандаи маъмурӣ боз шавад, на ҷиноӣ.

Чаҳор нафари дигаре, ки мақомот боздошт кардан мехоҳанд, ба гуфтаи манбаъҳои Радиои Озодӣ, узви пешини Иттиҳоди мухолифони тоҷик (тарафи ҷанги шаҳрвандӣ) Ёдгор Ҳайдаралиев, яке аз наздикони вай ва ду навраси мактабхонанд. Норозиён ҳарос доранд, ки ин афрод, агар ба дасти мақомот супурда шаванд, дар зери шиканҷа иттиҳоми гуногунеро метавонанд, бар душ гирианд ва барои муҳлатҳои тулонӣ зиндонӣ шаванд.

Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов рӯзи 28 май ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки Фирдавс Гадомамадов шахсест, ки бо Қобилов дар қочоқи маводи мухаддир ҳамдастӣ кардааст ва боздошт шуд, аммо сухан аз бачаҳое меравад, ки ба мошини хидматии маъмурони амниятӣ осеб расонданд. Сокинон мехоҳанд, ба онҳо кафолат дода шавад, ки ин навҷавонон ҷазои маъмурӣ гиранд. Сокинони Рушон мегуянд, ба онҳо хабар расидааст, ки Шароф Қобилов дар боздоштгоҳи Шуъбаи корҳои дохилии Рушон латукуб шуда, ҳатто овозаи даргузашти ӯ паҳн гаштаасти. Аммл навбатдори ШКД ноҳияи Рушон рӯзи 1 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, "Шароф Қобилов латукуб нашудааст ва саломатияш хуб аст."

XS
SM
MD
LG