Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусофирбарҳои Душанберо "дезинфексия" мекунанд. САДО


Мусофирбар дар яке аз хиёбонҳои Душанбе. 26-уми марти соли 2020
Мусофирбар дар яке аз хиёбонҳои Душанбе. 26-уми марти соли 2020

Чораҳои пешгирӣ аз эҳтимоли паҳншавии коронавирусро дар Тоҷикистон сахттар кардаанд. Мақомот мегӯянд, аз ин ба баъд нақлиёти ҷамъиятӣ ва ҷойҳои серодам "дезинфексия" хоҳанд шуд. Бино ба иттилои расмӣ, то 28-уми март дар Тоҷикистон ягон мавриди олудагӣ ба коронавирус сабт нашудааст, аммо мақомот мегӯянд, таҳдиди ба суръат паҳн шудани вирус дар ҷаҳон, водор кардааст, то чораҳои пешгириро шиддат бахшанд.

Истифодабарандагони нақлиёти ҷамъиятии Душанбе, ки феълан на ҳамаашон бо ниқоби тиббӣ ба он савор мешаванд, аз тасмими мақомот дар мавриди безараргардонӣ истиқбол мекунанд. Онҳо мегӯянд, поку бехатар будани дохили мусофирбарҳо метавонад то ҷое сиҳатии ҷомеаро ҳифз намояд. Аммо бархеи дигар ба ҷиддӣ будани ин тасмим ва ҳамин тавр дар вақти таъиншуда "дезинфексия" шудани мусофирбарҳо шак доранд.

Зубайд, сокини шаҳри Душанбе, мегӯяд, пайваста аз хидмати автобусу троллейбусҳо истифода мекунад. Вай "дезинфексия" кардани нақлиёти ҷамъиятиро барои ҳама мусофирон ва ҳам худи ронанда фоидаовар хонд.

"Одамон бо дили пур ба нақлиёти ҷамъиятӣ ворид мешаванд ва медонанд, ки онҳо ҳадди имкон дар давоми рӯз покиза карда шудаанд", - афзуд ӯ.

Мунира Мақсудова, мусоҳиби дигари мо, низ аз тасмими пок кардани нақлиёти ҷамъиятӣ ситоиш кард, вале айни замон гуфт, "бояд инро ҳам ба назар гирифт, он маҳлуле, ки бо он дезинфексия мекунанд, аз ҳад зиёд набошад ва ба одамон зарар нарасонад".

Чораҳои пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:09 0:00
Линки мустақим

Тибқи маълумоти шаҳрдории Душанбе, ҳоло дар пойтахт беш аз севуним ҳазор нақлиёти мусофирбар, аз ҷумла 360 автобус, 105 троллейбус ва беш аз 3000 нақлиёти хусусӣ амал мекунанд. Масъулини роҳу нақлиёт мегӯянд, ба таври кофӣ маҳлулҳои безараргардониро захира кардаанд.

Ронандагон мегӯянд, нақлиёти ҷамъиятӣ дар як рӯз ду бор - субҳ пеш аз оғози кор ва шом пас аз анҷоми кор - бо "хлор" покиза карда мешаванд. Умед Сафаров, ронандаи автобуси рақами 3 дар пойтахт гуфт, "шаб соати 23 ва субҳ соати 5 бо маҳлули хлори панҷоҳ дарсадӣ дохили автобусу троллейбусҳоро тоза мекунанд. Баъдан барои ҳаракат иҷозат мегирем".

Дар Тоҷикистон соҳибони нақлиёти ҷамъиятӣ ва мусофирбарҳо ба ҷуз аз ҷойи нишаст чанд сокини дигарро савор мекунанд. Ин вазъ борҳо боиси баҳс шудааст. Аз ин хотир бархе аз сокинон пешниҳод доранд, ки чунин вазъ низ танзим шавад, то аз паҳншавии ҳамагуна вирус пешгирӣ шавад.

Дилбар, як ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ гуфт, "ҳоло фақат автобусу троллейбусҳоро дезинфексия мекунанд, мусофирбарҳои дигарро ҳам бояд назорат кунанд. Дар як мусофирбари хурд ба ҷойи 20 нафар 40 нафарро савор мекунанд, ки ҳатто нафас кашида намешавад. Хуб мебуд, агар ин ҳам танзиму назорат шавад".

Мақомоти идораи беҳдоштӣ мегӯянд, дар аксар идораву муассисаҳои Тоҷикистон чораҳои пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус роҳандозӣ шудааст. Аз ҷумла, дар боғчаву мактаб ва баъзе аз идораҳои дигари кишвар ҳам барои эҳтиёт ва пешгирӣ аз ин роҳ истифода мекунанд.

Саид Давлатзода, муовини якуми сардори Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, рӯзи 26-уми март гуфт: "Бо мақсади пешгирӣ беморхонаҳо, гузаргоҳҳо, фурудгоҳҳо, нақлиёти ҷамъиятӣ дезинфексия карда мешаванд."

Тоҷикистон ва Туркманистон аз камтарин кишварҳои ҷаҳон ҳастанд, ки ба гуфтаи мақомоти ҳарду кишвар сироят ба вируси нав то ҳол ба қайд гирифта нашудааст. Ҳарчанд бархеҳо ба ин гуфтаи мақомот бо шубҳа нигоҳ мекунанд. Аз ҷумла, гуфта мешавад, дар Туркманистон чандин нафар дар бемористонҳо бистарӣ шудаанд.

Мақомот дар Тоҷикистон барномаи пешгирӣ аз коронавирус ва вокуниши эҳтимолӣ дар сурати пайдо шудани бемориро омода карда, барои иҷрои он аз созмонҳои молии ҷаҳонӣ ёрӣ пурсидаанд. Ба иттилои мақомот аз 1-уми феврал то 27-уми марти имсол тақрибан 6000 нафаре, ки аз кишварҳои хориҷ ба Тоҷикистон омаданд, дар беморхонаҳои сироятӣ ва осоишгоҳҳо ба карантин фаро гирифта шуданд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG