Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хонандагони тоҷик дар давраи "таътил" чӣ кор хоҳанд кард? ВИДЕО


Рухшона Рамазонова, сокини шаҳри Душанбе бо писараш
Рухшона Рамазонова, сокини шаҳри Душанбе бо писараш

Пеш аз он ки хонандагони мактабҳои миёнаро дар Тоҷикистон ба таътили дуҳафтаина фиристанд, намояндагии ЮНИСЕФ ва мақомоти тоҷик барномаи таълими онлайн дар шароити "карантин"-ро омода кардаанд. Иттиҳоди Аврупо барои роҳандозии барнома 9 миллион евро ҷудо кардааст, аммо маълум нест, тарҳ кай иҷро мешавад.

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон 25-уми апрел эълон кард, ки то 10-уми май беш аз ду миллион хонанда дар хонаҳояшон мемонанд. Мақомот мегӯянд, то ин дам дар кишвар ягон нафар ба коронавирус сироят нашудааст, аммо таътили "маҷбурӣ"-и хонандагон як бахши чораҳои пешгирӣ аз густариши вируси нав аст.

Лучиано Калестинӣ
Лучиано Калестинӣ

Лучиано Калестинӣ, раҳбари ЮНИСЕФ дар Душанбе, охири ҳафтаи гузашта ҳангоми муаррифии тарҳи таълими онлайн гуфт, "нақша барои синфҳои аз 1 то 11-ро омода кардаем, ки тавассути Интернет ва телевизион роҳандозӣ хоҳад шуд. Барои ин барнома 9 миллион евро ҷудо шудааст. Ҳамчунин, барнома барои минтақаҳо ҳам пешбинӣ шудааст, то муаллимон мунтазири дастури Душанбе наистанд ва бачаҳо аз таҳсил дур намонанд”.

Масъулини созмон мегӯянд, барномаи таълими онлайн дар ду шакл таҳия шуда, вобаста ба вазъият, яъне эълони карантини пурра ва ё нимапурра аз он истифода мешавад.

Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон дастрасӣ ба Интернет, ки бисёриҳо аз суръати пасту нархи баландаш шикоят мекунанд, кори содда нест.

На танҳо сокинон дар деҳот, балки бархе аз волидон дар пойтахти кишвар ҳам мегӯянд, дар сурати роҳандозӣ шудани таълими онлайн ба эҳтимоли зиёд фарзандони онҳо аз дарс бебаҳра мемонанд. Чун, ба гуфтаи онҳо, тавони таъмини ҳамаи фарзандонро бо Интернету комютер надоранд.

Рухшона Рамазонова бо писараш
Рухшона Рамазонова бо писараш

Рухшона Рамазонова, сокини шаҳри Душанбе, мегӯяд, "сифати Интернет хуб нест. Нархаш ҳам гарон аст. Инро ҳама медонад. Гузашта аз ин, на ҳама таъмин карда метавонад. Агар ягон ширкат ва ё созмону ҳукумат барои таъмини Интернет дастгирӣ мекраданд, беҳтарин иқдом дар чунин вазъият мешуд. Он вақт фарзандони мо аз омӯзиш дур намемонданд".

Хонандагони баъзе аз кишварҳо, аз ҷумла кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон, аллакай ба таҳсили онлайн гузаштаанд. Онҳо барои дур намондани кӯдакон аз таҳсил усулҳои гуногунро истифода мебаранд.

Баъзе аз кишварҳо Интернетро барои хонандаҳо бепул кардаанд. Дар кишварҳои дигаре ба монанди Қазоқистон хаткашонҳо ба хонандагоне, ки дар ноҳияҳо зиндагӣ мекунанд ва ба Интернет дастрасӣ надоранд, дарсҳои мактабиро мерасонанд.

Бо таваҷҷӯҳ ба мушкили дастрасӣ ба Интернет дар Тоҷикистон мутахассисон ба фарогир шудани барномаи онлайнӣ дар давраи "карантин" бовар надоранд.

Муҳаммадӣ Ибодуллоев
Муҳаммадӣ Ибодуллоев

Муҳаммадӣ Ибодуллоев, коршиноси соҳаи мухобирот гуфт, "ташаббус хуб аст, вале чанд масъалаи дигар ҳам ҳаст. Масалан, инфрасохтор. То кадом андоза инфрасохтори Вазорати маориф ва ЮНИСЕФ иқтидораш мерасад, ки беш аз 2 миллион истифодабаранда якбора дар барнома кор кунанд? Хонандаҳоеро, ки дар минтақаҳои дурдастанд, чӣ гуна фаро мегиранд?”

Дар ҳар сурат, ба гуфтаи мутахассисон, бо истифода аз таҷрибаи кишварҳои дигар бояд ба ин вазъият пурра омода шуд ва дар сурати зарурӣ аз шабакаҳои телевизиони давлатӣ истифода бурд.

"Мо чаҳор шабакаи телевизионӣ дорем, ки дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон дастрасанд. Телевизиони Тоҷикистон, Сафина, Ҷаҳоннамо ва Баҳористон. Дуи онҳоро барои гузаронидани дарсҳои онлайнӣ ҷудо кунанд. Як омӯзгор дарсро мегузарад. Дар ин ҳолат барнома дар як вақт ҳамаро фаро мегирад ва ҳангоми истифода кардан аз Интернет вазнинӣ пеш намеояд. Ҳам имкон медиҳад, ки корро бо сифати хуб ба роҳ монем", - мегӯяд Муҳаммадӣ Ибодуллоев.

Гузориш пеш аз эълони таътили хонандагон таҳия шудааст:

Таҳияи барномаи таҳсили фосилавӣ барои мактаббачаҳои тоҷик
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:44 0:00

Бино ба иттилои расмӣ дар Тоҷикистон наздик ба 3 миллион аҳолӣ аз Интернет истифода мебаранд. Дар кишвар нархи 1 гигабайт интернети мобилӣ ба беш аз 20 сомонӣ баробар аст. Солҳои ахир сокинону коршиносон пайваста аз суръати сусту нархи гарони Интернет шикоят мекунанд.

Мақомот мегӯянд, барои беҳтар кардани суръату сифати Интернет талош доранд.

Дар зимн як пажӯҳиш дар ду соли пеш миёни беш аз 6 ҳазор наврас ва падару модари онҳо мушаххас карда буд, ки 37 дарсади наврасони аз 10 то 14-солаи тоҷик ба компютер ва 19 дарсади дигар бо Интернет дарстрасӣ доранд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG