Мақомот дар Тоҷикистон мегӯянд, мактабҳои миёнаро "дезинфексия" карда, барои идомаи таҳсили хонандагон омода намудаанд. Дар Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон гуфтанд, ҳеч тағйире дар нақшаи дарсҳо нест. Ин дар ҳолест, ки баъзе аз волидон мегӯянд, бояд бо таваҷҷуҳ ба афзоиши сирояти коронавирус дар ҷаҳон, мақомот муҳлати таътили хонандагонро дароз кунанд. Аз ин пеш мунтақидон ҳукумати Тоҷикистонро барои баргузории маъракаҳои наврӯзӣ бо иштироки ҳазорҳо хонандагону донишҷӯён танқид карда буданд.
Таътили баҳории хонандагон 21-уми март оғоз шуда буд ва 31-уми март ба анҷом мерасад. Мақомот мегӯянд, тӯли даҳ рӯзи таътили баҳорӣ мактабҳо ду дафъа аз сӯи кормандони Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ поккорӣ ё "дезинфексия" шуданд.
Дилбар, сокини шаҳри Душанбе, ду писари мактабхон дорад ва баъд аз шунидани хабарҳо дар пайи афзоиши сирояти коронавирус дар ҷаҳон ҳайрон мондааст, ки бачаҳояшро барои идомаи таҳсил дар мактаб фиристад ё на.
Ӯ рӯзи 30-юми март гуфт: "Албатта, касе намехоҳад, ки фарзандаш бо мушкил рӯ ба рӯ шавад. Вале касе гуфта наметавонад, ки шароити беҳдоштӣ дар мактабҳо пурра қонеъкунанда аст. Барои ҳамин, агар як муддат таътили бачаҳоро дароз мекарданд, беҳтар буд".
Дар мавриди тамдиди таътили баҳорӣ дар макотиби кишвар волидон назарҳои гуногун доранд. Эмом Назаров, ҳамсӯҳбати дигари мо гуфт, зарурати ба каратин фаро гирифтани хонандагонро намебинад. "Чӣ лозим ба таҳлука андохтани мардум. Дар кишвари мо ҳеҷ гапе нест", - афзуд ӯ.
Мақомот мегӯянд, то кунун дар Тоҷикистон ягон ҳолати олудагӣ ба ин вирус ошкор нашудааст ва ниёзе ба эълони каратин дар мактабҳои кишвар нест. Вале талошҳо барои ҷилавгирӣ аз сироят дар муассисаҳои таълимӣ ҷиддӣ будааст.
Эҳсони Хушбахт, сухангӯи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, рӯзи 30-юми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, мактабҳои миёна дар кишвар "дезинфексия" шуда, ба қабули хонандагон омода ҳастанд. Ӯ гуфт, "дастур шуда буд, ки баъди ба таътил баромадани хонандагон ва то баргаштани онҳо тамоми муассисаҳо поккорӣ карда шаванд".
Омӯзгорону коргарони мактаби рақами 21-и пойтахт мегӯянд, ба қабули хонандагон омода ҳастанд ва ғайр аз он ки ду маротиба аз сӯи мақомоти беҳдошт муассисаро поккорӣ карданд, ҳамарӯза корҳои беҳдоштиро анҷом медиҳанд.
Фозил Қосимов, муовини мудири ин мактаб, рӯзи 30-юми март гуфт, кормандони хоҷагии мактаб рӯзона ду дафъа синфхонаҳо, ошхона, ҳоҷатхонаву роҳравҳои бинои муассисаро "дезинфексия" мекунанд. Раҳбарияти ин мактаб гуфтанд, маҳлулҳои безараргардониро аз сӯи мақомоти маҳаллӣ бепул гирифтаанд ва худашон низ аз ҳисоби буҷаи мактаб хлор захира намудаанд.
Масъулини мактабҳо дар пойтахт ҳамчунин мегӯянд, онҳо дар ошхонаву ҳоҷатхонаҳо маҳлулҳои поккунанда, аз ҷумла собун ва маводи антисептикӣ гузоштаанд. "Дар баробари ин ба хонандагон дар ҷамъомадҳои пагоҳирӯзиву нисфирӯзӣ тарзи дурусти шустушӯйи даст таъкид мешавад. Ба онҳо гуфта мешавад, ки ҳатман бо худ сачоқчаҳои намнок ва маҳлули антисептикӣ дошта бошад", - гуфт Фозил Қосимов.
Дар ҳамин ҳол, бархе аз волидон шикоят доранд, ки дар мактаб ба фарзандони онҳо таъкид шудааст, ки маҳлулҳои поккунандаро хонандагон бихаранд. Коре, ки бояд мактабҳо кунанд, аммо аз толибилмон талаб мешавад.
Як мушоҳидаи хабарнигори Радиои Озодӣ дар бархе аз мактабҳои пойтахт низ нишон дод, ки тавассути мониторҳои калон дар мактаб барои омӯзгорон дар бораи коронавирус наворҳои маълумотдиҳанда намоиш медиҳанд.
Дар маҷмӯъ, дар Тоҷикистон 3800 мактаби миёнаи хусусӣ ва давлатӣ фаъолият мекунад, ки дар онҳо ҳудуди 2 миллион хонанда таҳсил доранд. Ҳамасола беш аз 200 ҳазор кӯдак ба синфи якум қадам мемонанд.
Тоҷикистон ва Туркманистон аз камтарин кишварҳои ҷаҳон ҳастанд, ки ба гуфтаи мақомоти ҳарду кишвар сироят ба вируси нав то ҳол ба қайд гирифта нашудааст. Ҳарчанд бархеҳо ба ин гуфтаи мақомот бо шубҳа нигоҳ мекунанд. Аз ҷумла, гуфта мешавад, дар Туркманистон чандин нафар дар бемористонҳо бистарӣ шудаанд.
Мақомот дар Тоҷикистон барномаи пешгирӣ аз коронавирус ва вокуниши эҳтимолӣ дар сурати пайдо шудани бемориро омода карда, барои иҷрои он аз созмонҳои молии ҷаҳонӣ ёрӣ пурсидаанд. Ба иттилои мақомот аз 1-уми феврал то 30-юми марти имсол беш аз 6000 нафаре, ки аз кишварҳои хориҷ ба Тоҷикистон омаданд, дар беморхонаҳои сироятӣ ва осоишгоҳҳо ба карантин фаро гирифта шуданд.