Пайвандҳои дастрасӣ

Дашт ва девор. Дар 10 сол "минтақаи озоди иқтисодӣ" чӣ пешрафт кард?


Минтақаи озоди иқтисодӣ дар ноҳияи Ишкошим
Минтақаи озоди иқтисодӣ дар ноҳияи Ишкошим

Минтақаи озоди иқтисодии “Ишкошим”, ки соли 2009 ташкил шудааст то кунун як минтақаи деворгирифтаи холист.

Радиои Озодӣ талош кард бифаҳмад, ки чаро дар як даҳсолаи кор натавонистанд ба ин минтақаи озоди иқтисодӣ (МОИ) ҳатто як сармоягузори эҳтимолиро ҷалб кунанд.

Дар ду моҳи соли ҷорӣ субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон бо маблағи 130,7 миллион сомонӣ ё 12,6 млн доллар маҳсулот истеҳсол кардаанд. Вале дар миёни панҷ минтақаи озоди иқтисодии кишвар аз ҳама камрушдкардатар минтақаи озоди иқтисодии “Ишкошим” аст, ки соли 2009 сабти ном шудаасту до кунун дар ҳудуди худ се субъектро номнавис кардааст, ки аз инҳо танҳо яке қисман маҳсулот истеҳсол мекунад.

Ҳудуди бузурги 200 гектории мустақар дар қаламрави марзии ноҳияи Ишкошим, дар давоми 11 сол натавонист таваҷҷуҳи сармоягузоронро ба худ ҷалб кунад.

Дар ҳукумати ВМКБ нокомиҳо дар Минтақаи озоди иқтисодиро ба нооромиҳо дар Афғонистон марбут медонанд ва пешниҳод мекунанд, ки зерминтақаи он дар Хоруғ ташкил шавад, вале ҳали ниҳоии ин тасмим ба дасти ҳукумати Тоҷикистон аст.

МОНЕАҲОИ БЕРУНӢ

Раиси Анҷумани соҳибкорон ва кишоварзони кӯҳии “Милиал Интер” Боймамад Алибахшов, ки яке аз ташаббускорони таъсиси МОИ “Ишкошим” аст, мегӯяд, ки аз ибтидо ин тарҳ ба рушди ҳамкориҳо бо Афғонистону Покистон нигаронида шуда буд ва ноҳияи Ишкошим барои ин хеле мувофиқтар буд.

“Баъди таъсиси Минтақаи озоди иқтисодӣ вазъ дар Афғонистон ба таври решаӣ ба тарафи манфӣ тағйир ёфт, ки бар асари он Покистон натавонист сохтмони роҳро тавассути Зебок ба Афғонистон иҷроӣ кунад, дар Шинҷони Чин ҳам ташвишҳо оғоз шуданд, ки ҳамаи инҳо ба нафъи ин тарҳ набуд”,--мегӯяд Алибахшов.

НАБУДИ ЗЕРБИНО

Як манбаи огоҳ дар ҳукумати ВМКБ, ки нахост номаш зикр шавад, гуфт, ки дар ҳоли ҳозир дар ҳудуди МОИ “Ишкошим” се ниҳод сабти ном шудааст, ки аз инҳо танҳо як соҳибкори маҳаллӣ соли гузашта ба маблағи 38 ҳазор сомонӣ хишти сементӣ истеҳсол кард. Ҳатто ба ҳамин соҳибкор ҳам барои кашондани маҳсулоташ мушкил пеш омад.

“Соли 2018 куриёиҳо омаданд, ки ба коркарди санги мармар алоқа доштанд. Онҳоро ҳамаи шароити пешниҳодшуда қонеъ мекард, вале вақте вазъи роҳро аз Хоруғ то маркази ноҳияи Ишкошим диданд дар миёни раҳ аз идеяи худ даст кашиданд. Барои истеҳсолоти онҳо вазъи роҳҳо ва зерсохтҳо дар маҷмуъ бисёр муҳим буд”,--таъкид кард ҳамсӯбати мо.

Моҳи октябри соли гузашта вазири вақти иқтисод ва рушди савдо Неъматуло Ҳикматуллозода ҳангоми суханронӣ дар порлумон изҳор дошт, ки барои таҳияи лоиҳаи қарори ҳукумат ҷиҳати ташкили зерминтақаи “Минтақаи озоди иқтисодии Ишкошим” дар маҳалли Теми шаҳри Хоруғ корҳо идома доранд.

ТАРСУ УМЕДВОРИҲО

Чунин як ташаббус он замон нигаронии бархе аз сокинони ноҳияи Ишкошимро ба бор овард, ки дар як нома ба унвонии президент гуфтанд, ки МОИ “Ишкошим” барои онҳо охирин умед барои рушди ин минтақаи дурафтода мебошад.

Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов мегӯяд, ки дар ҳоли ҳозир бар асари буҳрони бавуҷудомада дар шимоли Афғонистон, вазъи ғайриқаноатбахши роҳҳои минтақа, ҳамчунин набуди интернети дуруст, дар 5-6 соли оянда дар бораи рушди ин тарҳ гап задан номумкин аст.

“Маҳз барои ҳамин, мо пешниҳод додем, ки зерминтақаи Минтақаи озоди Ишкошим дар Хоруғ боз шавад, вале андозу ҳамаи даромадҳои он ба будҷаи ноҳияи Ишкошим биравад. Мо тасмими бастани МОИ Ишкошимро надорем, вале зарур аст, ки оромшавии вазъ дар Афғонистонро мунтазир шавем ва зерсохторҳои худро эҷод кунем”,-- мегӯяд раиси ВМКБ.

Ба гуфтаи ӯ, маъмурияти вилоят як номаи дигар ба ҳукумат бо дархости иҷоза додан барои ташкили зерминтақаи МОИ “Ишкошим” омода кардааст ва ба посухи мусбат умедвор аст.

Дар Тоҷикистон 5 минтақаи озоди иқтисодӣ–“Суғд”, “Данғара”, “Кӯлоб”, “Панҷ” ва “Ишкошим” таъсис дода шудааст, ки аксари онҳо ҳанӯз дар ибтидои солҳои 2000-ум ташкил карда шудаанд. Аз ҳама бештар корхонаҳо дар ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” номнавис шудаанд.

Ин минтақаҳо барои ҷалби сармоя, эҷоди зерсохтҳо, ташкили ҷойҳои нави кор, ғанӣ гардонидани бозори дохилӣ бо маҳсулот, таъсис дода шуда буданд. Вале дар ҳоли ҳозир ҳамаи панҷ Минтақаи озоди иқтисодӣ камтар аз 1 дарсади маҳсулоти саноатиро истеҳсол мекунанд ва дар онҳо камтар аз ҳазор нафар кор мекунад.

Октябри соли гузашта, ҳангоми баррасии кори Минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар порлумон, раиси пешини маҷлис Шукурҷон Зуҳуров ба бахши иқтисодии ҳукумат машварат дод, ки пеш аз таъсиси ин минтақаҳо, зарфияти онҳоро дақиқ биомӯзанд. Ӯ такид карда буд, ки кори 4 Минтақаи озоди иқтисодии таъсисшуда дар давоми як даҳсола палатаи поёнии парлумонро қонеъ намекунад.

XS
SM
MD
LG