Пас аз фавтидани як марди 60-сола дар Бемористони марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов ва бо нишонаҳои эҳтимолии коронавирус бистарӣ шудани 11 табибу парасторе, ки ӯро муолиҷа мекарданд, ин бемористон таҳти карантини пурра қарор гирифт. Наздикони беморе, ки рӯзи 31-уми март бо ташхиси илтиҳоби шуш ё пневмония фавтид, танҳо ҳоло эътироф кардаанд, ки ӯ аз Қирғизистон баргашта буд.
Хабари фавти беморе, ки номаш дар ихтиёри Радиои Озодӣ ҳаст ва ҳамчунин карантин шудани Бемористони маркази ноҳияи ба номи Ҷаббор Расуловро чанд манбаъ, дар ниҳодҳои тандурустӣ ва умури дохилӣ ба шарти ифшо нашудани номашон тасдиқ карданд.
Сокинони маркази ноҳия, шаҳраки Меҳробод (Пролетари пешина) низ гуфтанд, ба онҳо дастур дода шудааст, ки дар 14 рӯзи оянда ба бемористонҳои дигар муроҷиат кунанд.
Аз худи бемористон ягон табибу парастор ё бемор ва ҳатто заноне, ки чанде пеш таваллуд кардаанд, ҳаққи берун омадан надоранд. Қабули беморон ва аёдаткунандагон манъ аст.
Ба гуфтаи хабарнигори мардумии Радиои Озодӣ, ки шоми 5-уми апрел аз ин бемористон дидан кард, даромадгоҳи он таҳти дидбонии пулис ва афроди мулкипӯш буда, дар ҳавлии бемористон табибон бо либоси махсуси зидди коронавирус ба чашм мерасиданд. На танҳо онҳо, посбонон, балки ҳамаи раҳгузарон ниқоби тиббӣ доштанд.
Дидбонҳо ба хабарнигори мардумӣ гуфтаанд, ки бе иҷозаи пулис вориди бемористон шудан номумкин аст. Сабаби ин ҳолатро онҳо бо ҷумлаҳои кӯтоҳи “ду бемор таби баланд доранд, даробаро манъ аст” шарҳ доданд.
Мақомоти ҳифзи тандурустии вилояти Суғд аз шарҳи ин ҳолат худдорӣ крданд. Як корманди соҳаи тандурустии Тоҷикистон, ба шарти ифшо нашудани номаш марги марди 60-соларо дар ин бемористон тасдиқ кард ва гуфт, 11 табиб ва парасторе, ки ин беморро муолиҷа мекарданд, рӯзи 5-уми апрел ба Беморхонаи касалиҳои сироятии шаҳри Хуҷанд интиқол дода шуданд.
Ба гуфтаи ӯ, ҳамаи онҳо таби баланд доранд. Вазъи Алишер Абдукаримов, муовини сардухтури бемористони маркази ноҳияи Ҷаббор Расулов вазнин арзёбӣ мешавад. Ҳар яке аз ин беморон дар беморхонаи касалиҳои сирояткунандаи Хуҷанд дар ҳуҷраҳои алоҳида нигаҳдорӣ мешавад.
Дар ҳоле ки марди 60-сола аз деҳаи Қӯрғончаи ҷамоати “Ҳаёти нав” (дар назди марзи Қирғизистон) рӯзи 31-уми март фавтидааст, нишонаҳои беморӣ дар кормандони бемористон акнун ошкор шудаанд. Хешовандони ин мард, ки қаблан ба маротиб изҳор доштаанд, ки ӯ ба хориҷ аз Тоҷикистон сафаре надоштааст, ҳоло иқрор мекунанд, ин мард бо писараш барои ширкат дар як тӯй ба Қирғизистон сафар карда буд.
Пас аз ин сафар, рӯзи 21-уми март ин шахс таб пайдо карда, шадидан беҳол ва ба бемористон расонда шуд. Зимни исрори наздиконаш, ки ӯ ба берун аз кишвар сафаре накардааст, табибон бемории ӯро пневмания ташхис карда, ба табобаташ пардохтанд, аммо 30-юми март вазъи ӯ сангин шуд ва рӯзи баъдаш дар шуъбаи эҳёгарӣ ё реаниматсия фавтид.
Пизишкон мегӯянд, ба камияш ду узви оилаи ин мард низ аввали моҳи апрел бо таби баланд бистарӣ шудаанд. Шумораи умумии афроде, ки ин мард бо онҳо дар тамос будаанд, маълум нест, танҳо ин ки ҳоло камаш 13 нафар бо шубҳаи гирифторӣ ба бемории КОВИД-19 бистарӣ шудаанд.
Мақомоти Тоҷикистон то ҳоло гуфтаанд, ки дар ҳудуди кишвар ягон мавриди гирифторӣ бо вируси корона ба қайд гирифта нашуда, аммо чораҳои шадиди эҳтиётӣ роҳандозӣ шудаанд.
Ноҳияи Ҷаббор Расулов бо вилояти Бодканди Қирғизистон ҳаммарз буда, зиёда аз 120 000 аҳолӣ дорад.