Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лашкари ноаён ва бедаво. Назари вирусолог ба COVID-19, ташхис ва воксин


Авҷи пандемия ё гирифторшавӣ ба COVID-19 дар бархе аз кишварҳо аллакай гузаштааст ва бархеи дигар акнун ба нуқтаи авҷи беморӣ наздик шудаанд. Аммо суолҳои сокинону муттахассисон дар ин бора ҳамоно бештар аз посухҳост.

Пизишкони сироятшиносу иммунолог ва вогиршиносон дар шарҳҳои худ дар робита ба ин мавзӯъ эҳтиёт мекунанд. Олими илмҳои биологӣ ва пизишки бемориҳои сироятӣ, Андрей Летаров дар оғози сӯҳбат бо мо дар ин мавзӯъ таъкид кард, ки ҳарчанд сироятшинос аст, вале вируси одаму ҷонварон самти кори ӯ нест ва наметавонад худро муттахасиси коронавирус номад. Летаров мегӯяд, ӯ танҳо метавонад дар бораи ин мавзӯъ бар пояи мулоҳизаҳои умумии сироятшиносӣ изҳори назар кунад.

- Тавре маълум коронавируси ҳозира чизи нав нест. Вале он аз вирусҳои қаблӣ чӣ фарқ дорад ва чаро ин бор тамоми ҷаҳонро фаро гирифт?

– Ба назари ман ин ягон ҳолати истисноии биологӣ нест ва ин вирус яке аз навъҳои зиёди он аст. Ин бори аввал нест, ки вирус аз ҷонвар ба одамон мегузарад, бори охир ҳам нест. Дар ин ҷо ягон муъҷизае ҳам нест. Ин як навъ тағирёбии генетикии коронавирус аст. Тавре ба ҳама маълум аст ин вирус 96 дар сад ба яке аз вируси мушҳо шабоҳат дорад. Ин вирус бо доштани баъзе махсусиятҳо дар таркиби сафеда, метавонад ба инсон сироят кунад. Пандемия ё вазъи ба амал омада ҳам натиҷаи омезиши "бомуваффақияти" хосиятҳои эпидемиологии ин вирус аст.

–​ Дар ҳар сурат вазъият дар тамоми ҷаҳон душвор аст ва дар бархе аз кишварҳо мисли Италия ва Амрико фалокатбор. Кишварҳое ҳам буданд, ки камтар сироят диданд. Мисли Олмон. Ба гуфтаи коршиносон ин ба ду омил вобастааст. Вазъи соҳаи тандурустӣ дар ин ё он кишвар ва ё шаклҳои гуногуни вирус. Назари шумо чӣ аст?

Андрей Летаров
Андрей Летаров


– То ҷое ман медонам ягон иттилои дақиқе дар бораи фарқияти навъҳоии гуногуни вирус нест. Вақте мо дар бораи навъи вируси SARS-CoV-2, мегӯем, сухан дар бораи хатҳои генетикӣ бо фарқиятҳои начандон калон меравад. Вале ин тафовутҳои ночиз ҳам бетаъсир нестанд. Гузашта аз ин дар як кишвар ё минтақа вирус яксохт буда наметавонад. Метавонад чанд навъ бошад. Аз ин рӯ, ба саволи шумо танҳо бо фарзияҳо ҷавоб додан мумкин аст. Бино бар фарзияи ман, гумон аст, ки эпидемияи навъи вируси SARS-CoV-2 дар кишварҳои мухталиф бо фарқият ё тафовути ҷиддӣ давр занад.Эҳтимол ин ба махсусиятҳои ҳар ҷомеа, шояд сохтори синну солии аҳолӣ ё қавмӣ вобаста аст. Мо медонем, ки ҳамаи миллатҳо ба ин беморӣ сироят шуданд, аммо маълум нест, ки мизони беморӣ дар ҳама ҷо баробар буд? Ва дар ниҳоят барои муборизаи бомуваффақият бо вируси ҳамагир, талоши на танҳо низоми тандурустӣ, балки ҳукуматҳо зарур аст.

– Вале нақши низоми тандурустӣ ва вазифаҳои он дар чунин вазъият аз чӣ иборат аст?

–Аввал, ин гузаронидани ташхисҳои озмоишӣ ва бо ин роҳ огоҳ кардани ҳукумату ҷомеа барои чораандешӣ аст. Дуввум, расонидани кӯмакҳои тиббӣ ба беморон. Вале ин кӯмакҳо ба поин бурдани сатҳи фарогирии вирус чандон таъсир нахоҳад кард. Шояд дар кишварҳое бо низоми хуби тандурустӣ, беморон сари вақт муайян ва ҷудо карда мешаванд, вале дар кишварҳои дигар не. Вақте паҳншавии беморӣ бошиддат сурат мегирад,ба он бештар чораҳои иҷтимоӣ таъсиргузор хоҳад буд на тиббӣ. Ҳар чорае, ки вусъати тамосҳои иҷтимоиро кам мекунад, метавонад ба паст кардани суръати паҳншавии сироят мусоидат кунад.

48 млн евро кумаки ИА ба Тоҷикистон барои мубориза бо COVID-19
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:32 0:00

– Фарзияҳое ҳаст, ки коронавирус ба таври сунъӣ пайдо ё сохта шудааст. Аммо аксари олимон ин фарзияро рад мекунанд. Оё шумо ба ин андешаҳо розӣ ҳастед?

– Агар фаразан ин навъи вирус ба сифати силоҳ сохта шудааст, шояд муаллифон воксин, подзаҳр ё доруи зидди онро ҳам бояд месохтанд. Аммо, хушбахтона, аз солҳои 70-ум, мутобиқи конвенсияҳои байналмилалӣ, омодасозии силоҳи биологӣ манъаст. Маълумоти мавҷуда ҳам аз он шаҳодат медиҳанд, ки пайдоиши вирус табиӣ сурат гирифтааст ва чунин равандҳо барои мо аллакай ошноянд.

– Академик, Виталий Зверев аз Академияи ба номи Сеченов бар ин аст, киин вирус акнун абадан бо инсоният хоҳад монд. То куҷо ин воқеият дорад?

– Албатта, то ба охир пешгӯӣ кардани сарнавишти ин навъи вирус ғайриимкон аст, аммо дар воқеъ ба назар чунин мерасад, ки пас аз чанд вақт COVID-19 ба як бемории маъмулӣ мисли сармохурӣ мубаддал хоҳад шуд. Ба монанди чор навъи дигари аллакай маълум ва паҳншудаи коронавирус дар миёни аҳолӣ. Мо дар маҷмӯъ 7 навъи коронавирусро муайян кардем, ки ба одам сироят мекунанд. 4 навъи он, 40 дар сади бемориҳои мухталифи сармохурӣ ё зукомро ба вуҷуд меоранд. Дар солҳои 2002, 2003 ва 20013-2015 боз ду навъи дигари он SARS ва MERS пайдо шудаву бо истифода аз чораҳои қавии зиддиэпидемӣ ба зудӣ нобуд карда шуданд. Вируси навъи – SARS-CoV-2, ҳафтумин коронавирус аст, ки тавонист дар тамоми ҷаҳон паҳн шавад ва он дар ин ё он шакл ба муддати тӯлонӣ боқӣ хоҳад монд. Вале ин ба он маъно нест,ки ин эпидемия абадӣ хоҳад буд – дар ҳар сурат дар инсонҳо масуният ба вуҷуд меояд ва ин яке аз вирусҳои зиёде хоҳад буд, ки мо дорем.

–​ Ҳоло бисёриҳо кӯшиш мекунанд, ки бифаҳманд оё ташхиси тестӣ зарур аст? То куҷо гузарониданиозмоиши тестӣ дар ин шароит метавонад барои мубориза бо паҳншавии вирус мусоидат кунад?

–​ Аз нигоҳи ман масъалаи ташхиси тестӣ бисёр муҳим аст. Зеро вақте шумо кореро пеш мебаред, барои зери назорат гирифтани раванди биологӣ, шумо бояд бидонед, ки вазъият чӣ гуна аст. Бо кӯмаки тест, шумо ҳамчунин миқёси фарогириро муайян мекунед ва ин имкон медиҳад, ҳадс бизанед, ки дар оянда чӣ ҳолате пеш хоҳад омад. Ташхиси тестӣ барои арзёбии миқёсӣ паҳншавии эпидемия, эҳтимолият ва фарогирии мавҷи дуввуми он хеле муҳим аст.

– Дар мавриди сифати ташхисҳои тестӣ суолҳо зиёданд. Бархеҳо бо таваҷҷуҳ ба шумори зиёди тестҳое, ки бардуруғ натиҷаи манфӣ нишон медоданд, бар ин боваранд, ки ташхиси дақиқро танҳо метавон ба воситаи томографияи компютерӣ муайян кард. Аммо олим ва собиқ раҳбари озмоишгоҳи "Вектор" Сергей Нетесов таъкид мекунад, ки ТК ё ташхиси компютерӣ вуҷуди бемории илтиҳоби шуш ё пневмонияро дар ҷисми инсон муайян мекунад, аммо ба фарқ аз ташхисҳои тестӣ коронавирусро ошкор карда наметавонад.

– Андешаҳои Академик Нетесов комилан дурустанд. Дарвоқеъ озмоиши биологии молекуллавӣ ё тест имкони муайян кардани вирусро дорад. Ҳоло барои ин ташхис аз гулӯ намуна мегиранд. Вале агар дар дар ин намуна миқдори вирус хеле кам ва ё набошад, он метавонад натиҷаи манфӣ нишон диҳад. Аз сабабе, ки мо намунаро барои ташхисро аз гулу мегирем, на аз шуш, имкон дорад, ки натиҷаи озмоиш нодуруст манфӣ нишон дода шавад. Аз сӯйи дигар дар ҷараёни озмоиши тестӣ, ки як раванди бисёр нозук аст, метавонад мушкили техникӣ ҳам пеш ояд. Дар робита ба ин масъала бояд ба пизишкон муроҷиат кард. Аммо маълум аст, ки осеби шуш дар пайи гирифтори ба пневмания, аз зарари он бар асари сирояти вирус каме фарқ дорад. Тавре духтурон ба расонаҳо мегӯянд, дар пайи гирифторӣ ба CОVID-19 аксаран беморон ба илтиҳоби дутарафаи шуш мубтало мешаванд. Дар ташхиси компютерии ин беморон баъзе нишонаҳои хос дида мешавад. Албатта, дар ин ҳолат ҳам наметавон якбора ба бемор ташхиси коронавирус гузошт. Вале азбаски мо дар ҳолати паҳншавии вирус қарор дорем, кори дуруст ин аст, ки чунин беморон фавран чун гирифторони COVID 19 ба муолиҷа фаро гирифта шаванд. Ман фикр мекунам, ки ояндаи наздик табибон тамоми нишонаву хусусиятҳои ин бемориро аз худ мекунанд ва ин ба онҳо имкон медиҳад, ки ҳатто пеш аз ташхиси озмоишӣ, бемориро муайян кунанд.

–​ Пешниҳодҳое ҳам ҳаст, ки подзаҳр ё воксини БСЖ, ки дар кӯдакӣ ҳамаи моро эм мекарданд, ҳарчанд аз вирус ҳифз намекунад, аммо метавонад пайомади онро сабуктар кунад. Оё мешавад инро ҳарфро ҷиддӣ гирифт?

– Мо ҳоло дар як вазъияте ҳастем, ки бояд ба таври фаврӣ қарор қабул кунему тасмим бигирем. Дар ин вазъ мо фурсат барои гузаронидани таҳқиқҳоисобитшудаиилмӣ надорем. Наметавонем ҳамаи ин фарзияҳоро аз нигоҳи илмӣ омӯхта, исбот кунем. Ҳоло маводҳои зиёде дар мавзӯи коронавирус нашр мешаванд. Агар вазъият дигар ва ором мебуд, шояд ба нашри аксари ин маводҳо аз лиҳози сифат иҷоза дода намешуд.Бинобарин бояд дарк кард, ки тамоми пешниҳодҳои вобаста ба вирус дар фосилаи наздик ба илм қарор доранд, онҳо сафсатта нестанд ва дар асоси донишу мушоҳидаҳои илмӣ ба миён омадаанд. Чунин пешниҳод далели собит надорад, вале ба қонунҳои табиат ҳам муқобилат намекунад ва бояд санҷида шавад.

– ​Дуруст аст, ки воксини зарурӣ дар муддати зиёда аз як сол ихтироъ ё пайдо мешавад?

– Ман мутахассиси подзаҳр ё воксин нестам. Вале ҳамкорони ман, ки машғули онанд, ба ин фикранд, ки барои ин як сол лозим аст. Ман ҳам ба онҳо бовар мекунам, зеро дар соҳаи дорусозӣ, бештари вақт на барои сохтани худи дору ё мавод, балки барои исботи бехатарии он ва таъсираш ба инсон сарф мешавад. Азбаски вируси COVID-19 чизи истисноӣ нест, эҳтимол сохтани эм ё воксин бар зидди он бояд нисбатан осонтар ба даст ояд, вале дар ҳар сурат онро санҷидан даркор аст.

XS
SM
MD
LG