Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коронавирус дар Осиёи Марказӣ. Кӣ чӣ кор мекунад?


Қирғизистон. 23-юми марти 2020
Қирғизистон. 23-юми марти 2020

Паҳншавии коронавирус дар минтақа кишварҳои Осиёи Марказиро маҷбур кард, ки дар доираи имконоти худ барномаҳои зиддибуҳронӣ омода кунанд, аз ҷумла барои пуштибонии мардум ва тиҷорати хурду миёна. Дар Тоҷикистон ба далели набуди тасдиқи расмии сироят шудан, чораҳои пазируфташуда танҳо хосияти пешгирикунанда доранд. Вале оё давлат омода ҳаст, ки дар сурати бад шудани вазъ, масъулиятҳои бештари молиро ба дӯш бигирад?

Дар ҳоле ки аксари кишварҳои олам мардуми худро таҳти карантин қарор медиҳанд, Тоҷикистон хонандагонро барои таҳсили чоряки нав омода мекунад, ки 1-уми апрел оғоз мешавад. Кору таҳсил ба таври одӣ давом мекунанд, дар ҳоле ки кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон вазъи фавқулода доранд.

То 31-уми март дар дунё расман беш аз 780 ҳазор мавриди сироят шудан ба коронавирус ва зиёда аз 37 ҳазор мавриди марг сабт шудааст. Миёни кишварҳои минтақа танҳо дар Тоҷикистон ва Туркманистон то кунун мавриди гирифторӣ расман таъйид нашудааст.

Маҳдудият дар гаштугузор ва карантин дар кишварҳои ҳамсоя боиси коҳиши фаъолиятҳои тиҷорӣ шуд ва давлатро маҷбур кард, ки барои пуштибонии аҳолӣ ва тиҷорат даст ба иқдомот бизананд. Дар ин замина Узбекистон ва Қазоқистон фаъолтар будаанд, ки манобеи молӣ ва буҷаи бештар доранд.

Иқдомҳо дар кишварҳои ҳамсоя

Дар Узбекистон дар назди Вазорати молия бунёди зиддибуҳронӣ барои муқовимат бо бемори ҳамагири коронавирус бо маблағи беш аз 1 миллиард доллар таъсис доданд. Бунёд ғайримустақим иқдомоти мубориза бо паҳншавӣ ва табобати вирусро маблағгузорӣ мекунад. Аз ҷумла, пуштибонии молии пизишкон, дастгирии соҳибкорон, ҳимояти иҷтимоиро ба мардум густариш медиҳад ва амалкарди бахшҳои иқтисодро таъмин мекунад. Иқдомоти ҳукумат то оғози октябри 2020 давом мекунанд, ки шомили як қатор сабукиҳои андоз, қатъ кардани пардохти ҷазо (пеня)-и андоз, қатъ кардани аудити фаъолияти соҳибкорон ба истиснои онҳое, ки дар доираи парвандаҳои ҷиноӣ тафтиш карда мешаванд, мебошанд.

Бастаи иқдомоти фаврии Қазоқистон барои дастгирии тиҷорат ва таъмини субот дар бозор шомили боло бурдани дастрасии маблағгузорӣ, додани кафолат, ҳавасмандиҳои молиётӣ, коҳиши санҷишҳои соҳибкорон ва мусоидат кардан ба соҳиби кор шудани мардум мебошанд.

Аз ҷумла то 1 триллион танга қарздеҳӣ тавсеъ дода шудааст, иншооти бузурги тиҷоратӣ аз андоз аз амволи шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ба мӯҳлати як сол озод карда мешаванд, пардохти ҷаримаҳо (пеня) барои як семоҳа қатъ карда шудааст. Бонкҳо ҳам дар сурати дертар пардохтани қарзҳо аз сӯйи қарздорон ҷарима (пеня) намекунанд ва ғ.

Ҳукумати Қирғизистон ҳанӯз барномаи зиддибуҳронии ҷилавгирӣ аз хатарҳои ношӣ аз коронавирусро ба иқтисод коркард мекунад. Барои ин ситоди вижа таҳти роҳбарии муовини нахуствазир Асрандиев таъсис дода шудааст. Ба гуфтаи дафтари матбуоти ҳукумат, ситод ба таъмини амнияти озуқаворӣ ва ҷустуҷӯи манбаъҳои пур кардани буҷа дар робита ба кам шудани воридоти гумрукӣ бар пайи баста шудани марзҳо машғул мешавад.

Бонки миллии Қирғизистон дар навбати худ ба бонкҳои тиҷоратӣ тавсия додааст, ки ҳадди ақал барои се моҳ пардохти қарзҳоро ба таъхир андозанд. Ҳамчунин ҷарима барои сари вақт насупурдани қарзҳо аз миён бардошта шуд.

Тоҷикистон чӣ кор мекунад?

Тоҷикистон ҳам барномаи вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодаро дар робита ба коронавирус коркард намудааст, ки бахшҳое аз он тавассути ваколатдори Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ба Радиои Озодӣ дастрас шуд. Барнома асосан чораҳои пешгиркунандаро дар бар мегирад, вале яке аз бандҳояш марбут ба коҳиши таъсири манфии коронавирус ба иқтисоди кишвар мебошад. Бонки Ҷаҳонӣ, аллакай розӣ шудааст, ки 11,3 миллион доллар барои иҷрои барнома, аз ҷумла барои истеҳсоли навъҳои асосии ниёзи аввал барои дастгирии буҷа бидиҳад.

Вале коршиносон пешниҳод мекунанд, ки бояд як силсила иқдомоти систематик барои пуштибонии мардум руйи даст гирифта шавад. Сиёсатшинос Парвиз Муллоҷонов дар матлаби худ пешниҳод мекунад, ки бар асоси таҷрибаи кишварҳои дигар, барнома таҳия карда шавад. Дар пешниҳодҳои вай, аз ҷумла муваққатан озод кардани соҳибкорони хурду миёна аз андоз, пешниҳоди таътилоти қарзӣ, ироаи имтиёзҳои иҷтимоӣ ба шаҳрвандон ва корхонаҳе, ки дар сурати карантин ҷойгузини воридот хоҳанд шуд ва ғайра омадааст. Коршиносон пешниҳод мекунанд, сарбориҳоии асосии андозро ба дӯши ширкатҳое бояд бор кард, ки инҳисорро дар ихтиёр ва васоили молии лозимро доранд.

Шореҳи иқтисодӣ, Абдуманнон Шералиев ба ин назар аст, ки бо таваҷҷуҳ ба коҳиши содироти маҳсулот аз бархе кишварҳо, аз ҷумла Қазоқистон ва Русия, Тоҷикистонро зарур аст, ки ба амнияти озуқаворӣ таваҷҷуҳ кунад.

"Бояд тамоми заминҳо, аз ҷумла заминҳои пахта ба ҳамаи хоҳишмандон тақсим карда шуда, давлат бо тамоми қудрату имконаш ба кишоварзон кӯмак кунад. Баъдан бӯҳрон ва баста шудани сарҳадҳо як шонси бисёр хуби зиндасозии тавлиди дохилиро ба вуҷуд овардааст, ки бояд аз он истифода шавад. Яъне бо аз байн бурдани тамоми андозҳо барои муддати муайян ба корхонаҳои навташкил ва хурду миёнаи истеҳсолӣ, бояд то баргаштани рақобат онҳоро ба он омода кард", - гуфт ӯ.

Вале на ҳама коршиносон бо он розиянд, ки Тоҷикистон метавонад сарбориҳои иловагӣ ба буҷаро таҳаммул кунад ва шаҳрвандонро аз пардохти андоз озод намояд. “Буҷаи мо, умдатан бар пояи андоз ва пардохтҳои гумрукӣ шакл мегирад, аз ин рӯ барои мо хеле душвор аст, ки чунин иқдомотро бипазирем”, - бар ин назар аст ходими калони Пажӯҳишгоҳи иқтисоди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Шамсиддин Ҷалолов. Ба гуфтаи вай, ба хотири онки авзоъ бадтар нашавад, зарур аст чорраҳои пешгирикунандаи аллакай пазируфташудаи ҳукумат, ба дурустӣ рияот шаванд.

Радиои Озодӣ талош кард, ки дар мавриди дараҷаи омодагиҳои ҳукумат ба бад шудани вазъ аз дафтари матбуоти Вазорати молия иттилоъ бигирад, вале ҳангоми таҳияи ин матлаб мо муваффақ нашудем то бо онҳо тамос барқарор кунем.

Иқтисоддон Комил Бобоев бар ин назар аст, ки ҳукумат ин тавонро дорад, ки дар сурати зарурат василаҳоеро ихтисос бидиҳад ва чораҳои лозимро рӯйи даст бигирад. “Аз ҳисоби имконоти мавҷуд ва ёрии шарикони рушд мақомот метавонанд даст ба иқдомоте бизананд, ки дар кишварҳои ҳамсоя рӯйи даст гирифта шудааст”, - бовар дорад Бобоев.

Сандуқи Байналмилалии Пул ҳисоб кардааст, ки барои пирӯз шудан ба буҳрон ба кишварҳои дорои иқтисоди рӯ ба рушд ҳадди аққал 2,5 триллион доллар зарур аст. Кристалина Георгиева аз кишварҳои ҷаҳон даъват карда, ки бо барномаҳои хароҷоти "хеле бузург" ҷилавгирӣ кунанд, то аз як қатор варшикастагӣ ва дефолтҳо пешгирӣ карда шаванд.

Ин ки Тоҷикистон аз куҷо ин хароҷотро пайдо мекунад, суол боқӣ мондааст. Солҳои ахир қисми касри будҷа аз ҳисоби боло бурдани ҷамъоварии андоз аз даромад, андоз аз фоида, аксиз ва андоз аз арзиши изофашуда таъмин карда шуд. Мувофиқи қонуни буҷа барои соли 2020 даромадҳои молиётӣ (андозӣ) бояд 1,7 миллард доллар ё 10 дарсад бештар аз соли 2019 бошанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG