Шӯрои уламои Маркази исломӣ, ягона ниҳоди содиркунандаи фатво дар Тоҷикистон, эълон кард, ки имсол намози Иди Фитр баргузор намешавад. Қаблан бархе аз сокинон пешниҳод карда буданд, ки намози имсолаи идро онлайн ва ба воситаи телевизионҳо хонанд, вале масъулони Шӯрои уламо 18-уми май гуфтанд, "ин ба талаботи мазҳаби Имоми Аъзам рост намеояд."
Ба иттилои ҳамсуҳбати мо дар ин ниҳод, "шарти ин гуна намозҳо ҷамоат аст ва ба ҳам омадани мусалмонҳост. Чизе, ки дар намози онлайн дида намешавад".
Мақомоти Кумитаи дини Тоҷикистон мегӯянд, тасмими баргузор накардани намози дастҷамъонаи ид дар охири моҳи Рамазон ба густариши коронавируси нав рабт дорад.
Ба иттилои расмӣ, бемории COVID-19 то 17-уми май ба беш аз якуним ҳазор сокини Тоҷикистон сироят карда, боис ба марги 39 нафар шудааст.
Бар асоси як қарори Шӯрои уламо, ки дар оғози моҳи Рамазон қабул шуд, намозҳои ҷамоат, таровеҳ, ифтор ва идгардак манъ аст.
Қарор аст, рӯзи 20-уми май санаи дақиқи Иди Фитрро эълон кунанд. Моҳи Рамазон имсол 24-уми апрел оғоз шуда буд.
Бо наздик омадани иди Фитр бархе корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ пешниҳод карданд, ки дар шароити паҳншавии коронавируси нав имсол намози Ид онлайн ва ё аз тариқи телевизион хонда шавад.
Аз ҷумла Аъзамхон Акбаров, мудири кулли ширкати телевизион ва радиои "Азия" дар Хуҷанд дар пешниҳодаш ба раиси вилояти Суғд навишт, намози Ид тариқи онлайн ва аз тариқи пахши мустақими телевизон хонда шавад. Акбаров навиштааст, хондани намози онлайнӣ ба хотири он аст, ки дар Тоҷикистон сирояти коронавирус ҳукмфармо аст ва ҷамъ шудани издиҳоми зиёди мардум дар масҷидхо мувақаттан манъ аст.
Бисёр корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз ин пешниҳод тарафдорӣ кардаанд. Аммо Шӯрои уламо рӯзи 18-уми май ба ин гуна пешниҳодҳо посухи рад дод ва онро хилофи мазҳаби ҳанафӣ хонд.
Иди Фитр ва намози дастаҷамъона яке аз маросимҳои муҳим барои мусалмонон мебошанд, ки ҳамасола дар анҷоми моҳи Рамазон баргузор мешавад. Тибқи анъана мусалмонон баъд аз анҷоми намози ид ба зиёрати қабрҳои наздиконашон рафта, сипас ба табрики хешовандон ва дӯстони худ мешитобанд.
Дар шароити паҳншавии бемории COVID-19 дари масҷидҳо дар бисёр кишварҳои исломӣ феълан баста аст ва маълум нест, ки имсол мусалмонон намози Фитрро чӣ гуна хоҳанд гузошт.
Корбарони азиз!
Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!