Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дафъи ҷинҳо ва ҷарроҳии мағз. Саргузашти як ҳамҷинсгарои қазоқ


Эътирофи ошкори тамоюли ғайримуқаррарии ҷинсӣ ба мусибатҳое оғоз гузошт, ки ба сари Бекзот Мукашев, ҳамҷинсгарои 28-солаи қазоқ омад. Аз хонаи волидон фирор карду маҷбуран ҷарроҳии мағзи сар шуд. Ҳоло Бекзот ҳамроҳи маъшуқи худ Арман пинҳонӣ зиндагӣ мекунанд, то хешовандонашон онҳоро наёбанд.

Аввали моҳи январ мағзи Бекзот Мукашевро ҷарроҳӣ карда ва моеи изофиро гирифтанд, то дар мағз ҷамъ нашавад. Табибон гуфтанд, ки Бекзот бемории гидросефалия (ҷамъ шудани барзиёди моеъ дар сар) дорад, вале ба қавли худи Бекзот ҳеҷ зарурате ба ҷарроҳӣ набуд.

Волидонаш барои ҷарроҳӣ пофишорӣ кардаанд, то Бекзотро аз ҳамҷинсгароӣ "халос кунанд". Худи Бекзот ба ин шарт ба ҷарроҳӣ розӣ шудааст, ки баъди муолиҷа волидонаш ӯро озод мегузоранд ва ӯ ба маъшуқаш зиндагӣ мекунад.

ИЗДИВОҶ БАРОИ ПИНҲОН КАРДАНИ ТАМОЮЛИ ҶИНСӢ

Бекзот Мукашев достони дарози зиндагиашро дар сӯҳбати телефонӣ бо бахши қазоқии Радиои Озодӣ нақл кард. "Ман 10 сол боз аст, ки медонам, дигар ҳастам. Ман бо як ҷавон муносибати маҳрамона доштам, робитаҳои ҷинсии пароканда бо бачаҳо ҳам буд. Ҳеч яке аз наздиконам намедонистанд, ки ҳамҷинсгароям, чун ба касе нагуфта будам. Рӯзе волидон дар бораи издивоҷ сухан кушода ва гуфтанд, ки мехоҳанд, келину набера дошта бошанд ва хурсанд шаванд".

Бекзот ҷойи зиндагиашро пинҳон медорад, чун намехоҳад, волидонаш бидонанд. Баъди сӯҳбатҳо дар бораи издивоҷи Бекзот дар ниҳоят моҳи октябри соли гузашта ӯро ба зӯрӣ зан доданд. Ба қавли худаш, барои он зан гирифт, то тамоюли ҷинсиаш ошкор нашавад. Аҳли хонаводаи Бекзот, мазҳабӣ ва пойбанди урфу анъанаҳои мардуми Қазоқистон ҳастанд.

"То замони издивоҷ ман бо Арман вомехӯрдам. Муддати кӯтоҳе пеш аз арӯсӣ ошно шудем ва ҳамон вақт фаҳмидам, ки гирифтори бемории вируси норасоии масунияти бадан ҳастам", - гуфт Бекзот.

Ҷавони қазоқ ба шарофати Арман аз бемориаш огаҳ шудааст, чун Арман дар яке аз марказҳои мубориза бо ВИЧ/СПИД дар Қазоқистон ба ҳайси корманди ихтиёрӣ кор мекунад ва ба гирифторони ин беморӣ кумак мерасонад.

Радиои Озодӣ бо ӯ ҳам сӯҳбат дошт. Арман мегӯяд: "Ман пофишорӣ кардам, ки Бекзот муоина шавад, чун ғадудҳояш бисёр бузург буданд. Вақте ба маркази мубориза бо СПИД рафтем, маълум шуд, ки вируси зиёд дорад. Дору навиштанд ва Бекзот ба истеъмоли онҳо оғоз кард. Муоинаи чанде пеш нишон дод, ки вазъи сиҳатиаш ба маротиб беҳтар шудааст".

Бекзот намехост, бо ҳамсараш зиндагӣ кунад ва қасд дошт, ки ҷудо шаваду бо Арман бошад. Бекзот аввалин бор розашро ба хоҳари хурдиаш Лиза боз кард.

Боз кардани роз оқибатҳои нохубе барои Бекзот доштааст, ки мегӯяд: "Баъди ин чӣ гунае шавҳари хоҳарам фаҳмид, ки ман ҳамҷинсгароям ва зуд ба модарам нақл кард. Модарам бисёр хашмгин шуд ва дигар бо ман муошират намекард. Бақияи хонавода низ ҳамчунин. Баъдан ба модарам паём фиристодам, ки мехоҳам ҷудо шавам ва бо Арман зиндагӣ кунам, чун ӯро дӯст медорам".

Паёми эътирофи ҳамҷинсгароиро модар ба падари Бекзот нишон дод ва занҷираи фалокатҳо сар шуд. Идомаи қиссааш чунин аст: "Ҳамон рӯз падарам ба хонае омад, ки бо ҳамсарам зиндагӣ мекардам ва маро зад. Ба ҳадде сахт зад, ки табларзаам гирифт ва ҳушам рафт. Мошини ёрии таъҷилӣ омад ва маро ба бахши ҷарроҳии асаб бурданд".

"ГУФТАНД, КИ ХОНАВОДАРО БЕОБРӮ НАКУН"

Рӯзе баъд Бекзот аз шифохона гурехта ва бо Арман аз шаҳри Уралск ба Актау рафтаанд ва дар хонаи дӯстони Арман мондаанд. Волидони Бекзот ба ҷустуҷӯи фарзанд пардохтаанд.

Волидонам паём фиристода таҳдид мекарданд, ки ба хона баргардам. "Таҳдид карданд, ки маро ба шифохонаи беморони рӯҳӣ мебаранд ва ё мекушанд, вале ман бо Арман мондам ва қасд доштем, аз кишвар биравем. Барои ин санадҳоям лозим буд, ки дар Уралск монда будам", - мегӯяд Бекзот.

Барои гирифтани санадҳои нав ҷавони қазоқ ба идораи сабти аснод дар шаҳри Актау рафтааст. Гирифтани санад мушкилӣ надошт, вале ҷойи иқоматашро волидонаш фаҳмиданд.

Бекзот чӣ гуна маълум шудани ҷойи зиндагиашро чунин нақл кард: "Падари ман тиҷорати бузурги маҳсулоти кишоварзӣ ва робитаҳои зиёд дорад. Зоҳиран ҳамаи ошноҳояшро сафарбар кардааст, ки ба ӯ гуфтаанд, ман барои гирифтани санадҳои нав муроҷиат кардам. Вақте санадҳоям омода шуданд, аз идораи сабти аснод занг заданд, ки кадом санадеро имзо кунам. Вақте омадам, волидон, ҳамсарам ва марди ношиносе мунтазир буданд."

Бекзотро маҷбур ба мошин андохтанду ба хона ба шаҳри Уралск бурданд, то зиндагӣ бо ҳамсарашро идома диҳад. Ҷавон нахост, бо ҳамсараш зиндагӣ кунад ва инро ба модараш гуфт: "Волидонам хостанд, ки обрӯи оиларо нигаҳ дорам. Ба ман гуфтанд, интихоби маро қабул мекунанд, ба шарте ки вонамуд кунам, ки бо оилаам зиндагии хушбахтона дорам, ба маъракаҳои хешовандон биравам ва волидонро дар назди мардум беобрӯ накунам."

Аз ин баъд таҳдидҳои телефонӣ ба Арман оғоз ёфт. Баъдан маълум шуд, ки падари Бекзот як нафарро киро кардааст, то бо таҳдиду тарсонидан Арманро ба тарки Уралск водор намояд.

Арман роҳҳои пайдо кардани ӯро чунин нақл кард: "Дар яке аз вебсайтҳои пешниҳоди хадамот, падари Бекзот, детективеро ёфтааст, ки маро аз рӯи шумораи телефонам пайдо кунад. Дар вебсайт, шумораи телефон, номи ман ва дархост барои пайдо кардани манро навишта буд."

Фарде, ки ба Арман занг мезад, талаб мекард, ки тамоми иртиботро бо Бекзот бас кунад. Айни замон волидони Бекзот ҷойи зисти маъшуқи писарро пайдо карданд ва ҳар ду ҷавон гурехтанд.

"Мо мувофиқа кардем ва якҷо ба шаҳраки ҳамсояи Оқсой гурехтем. Хона иҷора мегирифтем ва аз инҷо ба онҷо мекӯчидем. Бекзот либосу пул надошт ва аз ҳисоби ман зиндагӣ мекардем", - мегӯяд Арман.

Баъд аз муддате волидони Бекзот ба ӯ тамос гирифта ва хостанд, ки якдигарро бубинанд. Сабаби даъватро ҳам аз номи Бекзот гирифтани тиҷорат гуфтаанд. Волидон гуфтанд, ки санадҳои молиро расман дар як идораи нотариалӣ дар Уралск бояд ба номи волидон супорад.

Арман, ки Бекзотро ҳамроҳӣ кардааст, мегӯяд: "Ман барои он бо Бекзот рафтам, чун метарсидам, ки дигарбора ӯро маҷбуран мебаранд. Волидонаш дар ин мулоқот гуфтанд, ки ба равоншинос муроҷиат кардаанд ва ин тавсияро гирифтанд, ки писарро ҳар гунае, ки ҳаст қабул кунанд."

Бекзот санадҳои лозимиро имзо кардааст ва волидонаш чизу чораашро оварда, додаанд.

"Ман ба Бекзот гуфтам, бо волидонаш оштӣ кунад ва вақт бидиҳад, то онҳо ин ақидаро бипазиранд, ки писарашон онгуна нест, ки мехостанд, бошад."

"ҶАРРОҲӢ - ШАРТИ ЯГОНА"

Арману Бекзот ба Уралск баргашта ва хонаеро иҷро гирифта, ҳамроҳ зиндагӣ мекарданд. Баъд аз муддате аз Бекзот хостаанд, ки модарро дар сафар ба Маскав барои муоинаи тиббӣ ҳамроҳӣ кунад. Аммо баъдан маълум шудааст, ки волидон бо баҳонаи муоинаи модар, худи Бекзотро барои муоина бурдаанд.

Идомаи қисааш чунин аст: "Зоҳиран фикр кардаанд, ки сабаби ҳамҷинсгароии ман бемории гидросефалия аст, ки дар кӯдакиам ошкор шуда буд. Табибони рус гуфтанд, зарурате ба ҷарроҳӣ нест, зеро ба зиндагии ман хатаре таҳдид намекунад. Баръакс, мумкин аст, ҷарроҳӣ ба сиҳатиам зиён расонад. Ман фаҳмидам, ки сафари Маскав ҳиллаи дигари волидонам буд, барои ҳамин аз Арман хостам, барои ман билети бозгашт ба Уралск бихарад."

Баъди бозгашт ба инҷо, Бекзот хост, масъалаи талоқро бо ҳамсараш дар миён бигузорад, вале падару амакаш ба зӯр ӯро бурда, дар хонае маҳкам карданд. Телефону калидашро гирифтанд.

Арман дар ин бора мегӯяд: "Ӯ ба воситаи телевизион ба Интернет ворид шуда ва аз тариқи почтаи электронӣ ба ман навишт, ки волидонаш мехоҳанд, ӯро ба назди мулло баранд, то дуо хонда ҷинҳояшро барорад. Ба ақидаи волидон, маҳз ҷинҳо сабаби ҳамҷинсгароии ӯ шудаанд. Ман ба ӯ пешниҳод кардам, ки гурезем ва шаб ба ӯ ин кор муяссар шуд."

Як рӯз баъд аз ин хешовандони Бекзот ҳамроҳи маъмурони пулис ба хонаи Арман омадаанд, чун волидонаш ба пулис дар бораи гум шудани писар ариза навиштаанд.

— Он рӯз чӣ ҳодиса рух дод, дар навор сабт шудааст ва ман онро дорам. Одамон ба хона зада даромаданӣ буданд ва дод мезаданд, вале мо танҳо нозири минтақавии пулисро роҳ додем. Вай ба мо фаҳмонд, ки бояд ба шуъбаи пулис равем. Ба муфаттиш ҳам хабар дод, ки Бекзот гум нашудааст, балки ихтиёрӣ рафтааст, - гуфт Арман.

Дар идораи минтақавии пулис Арман кӯшиш кардааст, ки бо падари Бекзот гап занад, вале ӯ ҷавонро задааст. Бекзот ва Арман хостанд, дар бораи ҳамла шикоят кунанд. Барои ин, бояд дар бемористон дар бораи вуҷуди пайи зарбу лат дар бадан ҳуҷҷат мегирифтанд.

Бекзот давоми ҳодисаро чунин нақл кард: "Вақте ба бемористони вилоятӣ рафтем, писари дугонаи модарам аз қафои мо буд. Ман ӯро мешиносам. Вай метавонист, бо фармоиш касеро занад. Замоне ки дар бораи осеби бадан ҳуҷҷат гирифтему аз бемористон берун шудем, моро чанд ҷавон ва наздикон, аз ҷумла падарам, мунтазир буданд. Маро дошта ба мошин шинонданд. Чанд қадам дуртар маъмури пулис меистод ва ман дода задам, ки ёрӣ диҳед, вале ҳеч кас кумак накард".

Ҷавонро як шабонарӯз дар хонаи берун аз шаҳр нигоҳ дошта, сипас, ба назди мулло бурдаанд. Мулло гуфтааст, дар бадани Бекзот "ҷин нест". Рӯзи дигар пайвандон Бекзотро ба назди равоншинос бурдаанд, ки ӯ гуфтааст, ҳамҷинсгароӣ беморӣ нест. Бекзот тасмим гирифт, ки бори дигар бо волидонаш дар бораи нақшаи талоқ бо ҳамсар ва зиндагии якҷоя бо Арман суҳбат кунад.

— Шарти ягона, ки волидон омода буданд дар ивази он маро озод бигузоранд, — ҷарроҳии мағзи сар буд. Онҳо гуфтанд, ки ин ҷарроҳӣ зарур аст, то дигар дар бораи саломатии ман ташвиш накашанд ва бо оромиши қалб маро раҳо кунанд. Розӣ шудам ва мо ба пойтахт, шаҳри Нурсултон, рафтем, - гуфт Бекзот.

Ӯро дар яке аз бемористонҳои пойтахти Қазоқистон ҷарроҳӣ карданд. Вай гуфт, "моеи изофиро гирифтанд, то дар мағз ҷамъ нашавад". Барои ҷарроҳӣ косахонаи сари Бекзотро шикофтанд ва захмаш ҳанӯз боқист. Баъд аз амалиёт Бекзот тавассути ҳамшираи шафқат бо Арман дар тамос шуд ва тасмим гирифт, ки фирор кунанд. Арман ба шаҳри Нурсултон рафт, то ӯро аз бемористон бигирад.

— Падарам дар назди ман мардеро гузошта буд, то ба ҷое нагурезам. Мо тасмим гирифтем, ба Уралск барнагардем ва ба Алмато рафтем, - гуфт Бекзот.

Ҳоло Бекзоту Арман дар паноҳгоҳе, ки ҷамъияти ҳамҷинсгароён ба онҳо додааст, пинҳонӣ зиндагӣ мекунанд ва бо маблағе, ки ҳамин ҷамъият барояшон ҷамъ овардааст, рӯз мегузаронанд.

— Феълан мо ҳеч нақша надорем. Мехоҳем, ки вазъият ором шавад, пайвандони Бекзот ором гиранд, оштӣ кунанд ва ӯро бипазиранд. Дар оянда мехоҳем, ки аз кишвар берун равем, - гуфт Арман.

Ҷамъияти ЛГБТ дар Қазоқистон аз ҳаққи афроде бо тамоюли ғайримуқаррарии ҷинсӣ фаъолона ҳимоят мекунад ва вебсайти "Кок.team" масъалаҳои марбут ба ҳуқуқи чунин афродро дар миён мегузорад. Арман маҳз ба онҳо муроҷиат кард, вақте дарк намуд, ки бояд ҳарчи зуд Бекзотро наҷот дод ва ӯ ба танҳоӣ аз уҳдааш намебарояд. Ба дархости Арман яке аз бунёдгузорони пойгоҳи "Кок.team" Анатолий Черноусов вокуниш кард.

— Баъзан наздикони ҳамҷинсгароён ба ҳамлаварони асосӣ ба онҳо табдил меёбанд. Ва ин ҳолат дар муқоиса ба ҳамла дар кӯчаҳо ва ё азиятдиҳӣ дар ҷойи кору мактаб хавфноктар аст. Ҳама чиз мушкилтар мешавад, вақте одамоне бо тамоюли ғайримуқаррарии ҷинсӣ аз нигоҳи иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ аз волидон вобаста ҳастанд. Ман дар бораи наврасон мегӯям. Ин гуруҳи бениҳоят мураккаб аст. Ба онҳо ёрӣ додан мушкил аст. Онҳо аз занг задан ба телефони боварӣ ҳам метарсанд. Дар гузашта дар он тарафи гӯшӣ ба онҳо гуфтаанд, ки бояд табобат гиранд, - нақл кард Анатолий Черноусов.

Ба қавли ӯ, "агар бо ҳамҷинсгароён, чӣ мард ва чӣ зан суҳбат кунем, онҳо мисли ҳама ҳастанд, зиндагии хуб мехоҳанд, оилаи калон, ҷойи гарму пул мехоҳанд. Мисли инсон ҳастанд, бо ҳама хусусиятҳое, ки дигарон доранд. Васиятҳои гузаштагонро фаромӯш намекунанд".

Вай гуфт, дар ягон кишвари ҷаҳон шумори дақиқи ҳамҷинсгароён нест, вале тахмин мекунанд, ки даҳ дарсади ҷамъият чунин тамоюл доранд. Инчунин ҷиноятҳо ба зидди ҳамҷинсгароён ҳисоб мешавад.

— Дар вебсайти мо гӯшаи "Дар бораи мушкилат ҳарф бизан" вуҷуд дорад. Ҳар моҳ ба ин восита 10-12 шикоят мегирем. Ин шумораи онҳоест, ки тасмим гирифтаанд дар бораи мушкили худ гап зананд. Бисёриҳо сукут ихтиёр мекунанд, чун ба тантанаи адолат бовар надоранд, - гуфт Черноусов.

Равоншинос Райса Байдалиева мушкилоти ҳамҷинсгароёнро чунин баршумурд: "Пеш аз ҳама бисёре аз ҳамҷинсгароён мушкили ҳувият доранд. Вақте инсон мехоҳад талқин кунад, ки ӯ мисли ҳама ҳаст. Аксарияташон аз тамоюли худкушӣ ранҷ мекашанд. Баъзе аз онҳо ҳамеша худро ҷабрдида мешуморанд. Ба назарам, ҷомеа бояд дарк кунад, ки ҳар як узви ҷомеа қадр дорад ва ман фикр мекунам, мо ба ҳамин самт меравем. Агар ба кишварҳои ғарбӣ нигоҳ кунед, ин масъала аллакай ҳалли худро ёфтааст".

Равоншинос хотирнишон кард, ки бисёре аз одамон пайдо шудани ҳамҷинсгароиро ба "нуфузи ахлоқии Ғарб" рабт медиҳанд. "Ман чунин меҳисобам, ки ҳамҷинсгароӣ табиӣ аст. Фикр мекунам, мушкилот хоси фарҳангҳои муҳофизакор аст. Бояд бидонем, ки дар бисёре аз кишварҳои мусалмонӣ тамоюли ҳамҷинсгароӣ ҳаст. Дар Покистону Афғонистон бачабозӣ ҳаст", - гуфт Райса Байдалиева.

Равоншинос мегӯяд, ҷомеаи анъанавии Қазоқистон ҳанӯз барои қабули воқеиятҳое, чун ҳамҷинсгароӣ омода нест. Райса Байдалиева мегӯяд, дар таҷрубааш чанд нафар бо тамоюли ғайримуқаррарии ҷинсӣ ба ӯ муроҷиат кардаанд. Ҳамчунин одамоне муроҷиат кардаанд, ки фарзандонашон ҳамҷинсгароянд. Аммо Байдалиева мегӯяд, волидон рӯҳан ба қабули ин ки фарзандонашон ҳамҷинсгаро ҳастанд, омода нестанд.

Гузориш аз бахши қазоқии Радиои Озодӣ аст.

XS
SM
MD
LG