Сароянда ва муҷрии машҳури туркман Г.С миёнаҳои моҳи март дар шаҳри Ишқобод боздошт шудааст. Мақомоти Туркманистон ин ҷавонро дар ҳамҷинсгароӣ айбдор мекунанд.
Ҳамроҳ бо Г. С. ҳудуди даҳ нафари дигар, аз ҷумла "дӯстписараш" низ дастгир шудаанд. Бархе аз боздоштшудаҳо дертар озод шуда, тафтишот нисбати боқимондаҳо, аз ҷумла Г. С. идома дорад. Ба ҳамаи онҳо бар асоси банди "Бачабозӣ" то ду соли зиндон таҳдид мекунад.
Дар миёни боздоштшудаҳо дар авввал афроди машҳур дар шоу-бизнес ва мӯди Туркманистон низ будааст. Вале ба далели ахлоқӣ аз зикри номи онҳо, ки дасти кам се нафарашон маълуманд, худдорӣ мешавад.
Табиби бемориҳои дил аз Туркманистон Қосимбердӣ Гараев охирҳои моҳи октябри соли 2019 дар суҳбат бо расонаҳо иқрор кард, ки ҳамҷинсгаро аст. Ӯ афзуд, ки бо вуҷуди фаъолияти амакаш дар хадамоти муҳофизати президенти Туркманистон зери фишор аст.
Гараев 24 октябр, пас аз чанд рӯзи нашри суҳбаташ дар сомонаи бахши туркмании Радиои Озодӣ ба пулис даъват шуд.
Дар Туркманистон барои ҳамҷинсгароӣ ба ҷавобгарии ҷиноӣ мекашанд.