Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Муйсафед, бирав!". Даҳҳо эътирозгар дар Қазоқистон боздошт шуданд. ВИДЕО


Боздошти эътирозгаре дар Қазоқистон
Боздошти эътирозгаре дар Қазоқистон

Даҳҳо нафар, ки бо даъвати ду ҳизби мухолиф бо талаби ислоҳоти демократӣ дар Қазоқистон рӯзи 6-уми июн ба хиёбонҳо баромада буданд, аз ҷониби пулис боздошт шуданд.​

Бар асоси гузоришҳои расида даҳҳо нафар дар шаҳри Алмаато ва чаҳор шаҳри дигари Қазоқистон боздошт шудаанд.

Боздоштҳо дар ҳоле сурат мегиранд, ки рӯзи 20-уми май дар Қазоқистон қонуни ҷамъомадҳои осоиштаро тағийр доданд.

Созмонҳои ҳуқуқи башар Қосим-Ҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистонро танқид мекунанд, ки пас аз сари қудрат омадан барои беҳбуди ҳуқуқи инсон дар ин кишвари бузурги Осиёи Марказӣ коре накард. Президенти кунунӣ пас аз истеъфои Нурсултон Назарбоев дар соли 2019, ки пас аз 30 соли президентӣ истеъфо дод, сари қудрат омад.

Боздошти як эътирозгар дар шаҳри Нур-Султон
Боздошти як эътирозгар дар шаҳри Нур-Султон

Қазоқистон, ки кишвари дорои захираҳои ғании нафт аст, пас аз поин шудани нархи нафт дар замони пандемияи коронавирус ба мушкил дучор шудааст.

Дар шаҳри Алмаато пулис, аз ҷумла воҳидҳои махсуси мубориза бо бетартибиҳо чанд хиёбон ва майдони марказиро, ки дар он ҷо ҳудуди 100 фаъоли мухолиф ҷамъ омада буданд, бастанд.

​Хабарнигори мо дар бораи боздошти даҳҳо нафар дар наздикии боғи Гандӣ дар Алмаато хабар дод. Тибқи гузоришҳо онҳо ҷонибдорӣ ҳизби Коше, ки ба ҷунбиши "Интихоботи демократии Қазоқистон" марбут аст, будаанд.

Ҳизби Интихоботи Демократии Қазоқистон ва Ҳизби Демократӣ, ки ин ҳамоиши эътирозиро созмон дода буданд, ​ба гуфтаи ҳукумат, тартиботи ҷоришуда дар замони пандемияи коронавирусро вайрон кардаанд.

Аз пойтахти Қазоқистон, шаҳри Нур-Султон гузориш мешавад, ки кормандони зиёди пулис дар хиёбонҳо қарор доранд.

Боздошти як эътирозгар дар шаҳри Алмаато
Боздошти як эътирозгар дар шаҳри Алмаато

Бар асоси гузоришҳо 20 фаъоли мухолиф дар шаҳри Семей, Шимкент ва Қизилорда аз ҷониби пулис боздошт шудаанд. Дар Оқтеппа низ чанд нафар боздошт шудааст. Дар шаҳри Алмаато як гурӯҳи фаъолон шиори “Ман нафас кашида наметавонам”-ро доранд, ки шабеҳи шиори эътирозгарон дар Амрико аст. Ин шиори ҳазорон нафар эътирозгарон дар Амрикост, ки аз илтиҷои Ҷорҷ Флойди африқоитабор иқтибос кардаанд, ки ҳангоми боздошти пулис ба забон оварда буд. Ӯ баъдан дар боздоштгоҳ фавтид ва боиси эътироз дар Амрико шуд. Эътирозгарони дигар шиори “Муйсафед, бирав!” дар доштанд, ки зоҳиран ишора ба Нурсултон Назарбоеви 79 сола аст, ки дар мансаби раиси Шӯрои амният Қазоқистонро идора мекунад.

Гурӯҳи дигар аз Тоқаев, президенти кишвар талаб доштанд, ки сарватҳои табии кишварро ба манфиати мардум истифода кунанд.

Қазоқистон, кишвари дорои захираҳои нафтӣ 19 миллион аҳолӣ дорад ва дар замони пандемияи коронавирус зиён дидааст. Бар асоси маълумоти расмӣ, дар ду моҳи охир дар Қазоқистон беш аз 4 миллион нафар манбаҳои даромади худро аз даст додаанд.

XS
SM
MD
LG