Ягона Боғи ҳайвоноти шаҳри Кӯлоб, ки дар масоҳати 1 гектар ҷойгир аст, соле пеш дари худро ба рӯи сокинон боз намуд. Аммо ҳанӯз буҷети ин боғ барои пур кардани шиками ҷонварон, бахусус ду хирси бӯри маҳаллӣ, намерасад. Аз ин рӯ, барои таъмини ҷонварон бо маводи ғизоӣ мардум ва хоҷагиҳои ҳамкори боғ сафарбар шудаанд. Аз тарафи дигар, караму тарбузу сабзӣ ва сабзаҷоти дигар як бахши "меню"-и хирсҳо ва ҷонварони дигарро ташкил медиҳад.
Ба гуфтаи масъулони Боғи ҳайвоноти шаҳри Кӯлоб, барои дидани ҷонварон дар як рӯз то 20 нафар меояд. Нархи билет барои ҳар тамошобин 1 сомонист.
Хосият Гулаҳмадова, як масъули Боғи ҳайвоноти шаҳри Кӯлоб, рӯзи 10-уми ноябр гуфт, ки барои ҳайвоноти гӯштхӯр бештар сокинон дасти кумак дароз мекунанд. Ӯ гуфт, "вақте гови сокинон мемирад, онро дар ихтиёри Боғи ҳайвонот мегузоранд. Мо рафта, онро меорем ва дар яхдон ҷо ба ҷо мекунем. Баъдан ба хирсу бум ва боша медиҳем."
Дар Боғи ҳайвоноти шаҳри Кӯлоб аз харгӯш сар карда, то товусу уқоб ва шутурмурғу хирс ба сар мебаранд. Ҳар ҷамоат дар Кӯлоб муваззаф шудааст, ки ҷонваронро бо ғизо таъмин намояд. Масъулони Боғи ҳайвонот мегӯянд, ҳарчанд ин боғ як сол боз фаъолият дорад, мушкилоти молӣ монеи таъмини комили ҳайвонот бо хӯрок шудааст. Зеро, ба гуфтаи онҳо, буҷети боғ барои бароварда кардани ниёзҳои он кофӣ нест.
Хайруллои Амонулло, шаҳрдори Кӯлоб, замони таъсиси Боғи ҳайвонот гуфта буд, ки онҳо дар аввал 21 навъи ҷонварро интихоб карда, ба ин боғ ворид хоҳанд кард. То ҳоло аксари ҳайвоноти ваъдагӣ ба боғ оварда шудаанд.
Воқеаи нохуше, ки дар муддати фаъолияти “Боғи ҳайвоноти Кулоб” рух дод, он аст, ки ягона рӯбоҳ дар ин боғ фавтидааст. Рӯбоҳро соли гузашта ба ин боғ оварда буданд. Аммо баъзе сокинон мегӯянд, рӯбоҳ аз боғ фирор карда, масъулон ӯро пайдо карда натавонистанд.
Ҳоло, ба гуфтаи масъулони Боғи ҳайвонот, барои тамошои ҷонварон дар як рӯз то 20 нафар ба ин боғ меояд. Нархи як билет барои ҳар нафар 1 сомонӣ аст.