Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Отам кай меояд?” Суоли сахти писари Завқибек ба модару бибиаш. ВИДЕО


Завқибек дар нома ба модараш чӣ гуфтааст?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:40 0:00

Завқибек дар нома ба модараш чӣ гуфтааст?

Завқибек Саидаминӣ, хабарнигори тоҷикро аз Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе ба зиндони маъруф ба "Якум совесткий"-и шаҳри Душанбе интиқол додаанд.

Наздиконаш мегӯянд, "аз Боздоштгоҳи муваққатӣ ба онҳо хабар додаанд, ки ҳамин рӯз ӯро ба маҳбас бурдаанд".

Шикояти такрорӣ ва ранҷи хонавода

Ба қавли пайвандони Завқибек, дар назар аст, рӯзҳои наздик мурофиаи додгоҳии ӯ бар асоси шикояти дуборааш дар Додгоҳи Душанбе шурӯъ шавад. Вай таҳқиқи парванда ва мурофиашро дар Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт "якҷониба ва нопурра" номида, моҳи гузашта дар номае аз Додгоҳи Душанбе хоста буд, ки ҳукмашро бозбинӣ ва бекор кунад.

Интиқоли ин хабарнигор ба зиндон ва баррасии шикояти дуборааш дар ҳолест, ки хонаводааш мегӯяд, 5 моҳи дурӣ аз Завқибек ба ваъзи зиндагии онҳо таъсир гузошта, рӯзҳои сахтеро сипарӣ доранд.

Завқибек Сайидаминӣ
Завқибек Сайидаминӣ

Ҳабиса Ятимова, модари Завқибек Саидаминӣ, рӯзи 9-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, рӯзашро ба хондани номаҳои писари зиндонияш ва нигоҳубини фарзандони ӯ сипарӣ мекунад. "Бачаи калониам аст, нигоҳубинам бар дӯши ҳаму буд охир. Додарҳояш шукр ҳастанд, лекин ҳозир ҳар кас ба зиндагии худаш зураш намерасад. Чор фарзанд дорад. Бубинед, ҳамин ҳам ҳаёт шуд,"?- пурсид, Ҳабиса Ятимова.

"Нафасам мегирад"

Ин зан, ки асосан дар шаҳри Роғун ба сар мебарад, баъд аз боздошти Завқибек ба хонаи писараш ба Душанбе омадааст, то кӯдакони ӯро нигоҳубин кунад.

Завқибеки 37-сола моҳи июли имсол дастгир ва моҳи ноябр барои ҳамкорӣ бо созмонҳои дар кишвар мамнӯи Ҳизби наҳзати ислом ва "Гурӯҳи 24" ба ҳафт сол зиндон маҳкум шуд.

Ҳарчанд худи ӯ ва хонаводааш иттиҳомотро беасос медонанд.

Ба қавли Ҳабиса Ятимова, модари Завқибек, боздошти писараш дар баробари вазъи моливу иҷтимоӣ, ба ҳолати рӯҳиву равонии хонаводаашон таъсири бад гузоштааст: “Саломатиям хуб нест. Баъди ҳамин ҳодиса нафасам гоҳ-гоҳе мегирад. Ба зӯр нафас мекашам. Камтар зиқ шавам, нафасгирӣ сар мешавад. Нафасам сахт мегирад."

"Отам кай меояд?"

Фарзандони Завқибек аз бибиву модарашон пайваста дар бораи падар мепурсанд. Пурсишҳое, ки ба назари Махфират Худойназарова, ҳамсари ӯ, посухаш сахт аст.

"Аз пушти тиреза, ки ягон овози мошин мешавад, ҳама кӯдакон падарҷон гуфта медаванд. Мебинанд, ки мошини падарашон нест, зиқ мешаванд, мешинанд. "Отам кай меояд?", -ҳамин бачаи дуюмам фақат мепурсад. Яке занакҳо меоянду мераванд, мефаҳамад, ки падарашро боздошт кардаанд, “Отам кай меояд?”, гуфта мепурсанд. Кӯдакон мепурсанд, отам ку, чаро намеояд? Саволи мушкилтарин барои мо ҳамин аст, ки наметавонем посухи дуруст диҳем. Бо дурӯғу фанд ҷавоб медиҳем, ки падаратон фардо ё рӯзи дигар меояд. Лекин ҳозир бачаи калонам мегӯяд, шумо дурӯғгӯед, ки мегӯед, имрӯз меояд, пагоҳ меояд,"-афзуд, Мағфират Худойназарова, ҳамсари Завқибек Саидаминӣ.

Завқибек Сайидаминӣ
Завқибек Сайидаминӣ

Хонаводаи Завқибек дар маҳаллаи маъруф ба "7-ум километр"-и пойтахт умедворанд, ба зудӣ он чӣ ки ҳоло ба кӯдакон мегӯянд, ба воқеият табдил ёфта, ӯро дар озодӣ мебинанд.

Танҳо мехост, ҳақиқат гуфта шавад

Ин хабарнигори пешини "Телевизиони Тоҷикистон" бо суҳбатҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ машҳур гашта, аз зумраи онҳое дониста мешуд, ки талош доранд, ҳақиқат гуфта шавад.

Баъд аз моҳи майи имсол 7 рӯзноманигору блогер, аз ҷумла Далери Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Завқибек Саидаминӣ, Улфатхонум Мамадшоева, Муҳаммади Султон ва Хушрӯз Ғулом боздошт ва бисёри онҳо ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум шуданд.

Дар суҳбатҳои бидуни сабт хонаводаи баъзе аз онҳо, аз ҷумла Абдуллоҳ Ғурбатӣ ва Далери Имомалӣ нигаронӣ намуданд, ки боздошти онҳо ба вазъи зиндагияшон таъсири амиқ гузштааст.

Рӯзи шанбеи 10-уми декабр Далери Имомалиро низ ба қавли пайвандонаш аз Боздоштгоҳи муваққатии Душанбе ба маҳбаси "Якум советский"-и Душанбе бурдаанд.

Мэри Лолор, гузоришгари вижаи Созмони Милал рӯзи 9-уми декабр дар поёни сафараш ба Тоҷикистон дар робита ба вазъи Далери Имомалӣ дар маҳбас гуфт, ӯ ба табиб ва кӯмакҳои тиббӣ ниёз дорад.

Хонум Лолор тасдиқ кард, ки дар ҷараёни сафараш ба Тоҷикистон бо баъзе рӯзноманигорон дар боздоштгоҳ мулоқот кардааст. Ӯ аз вазъи озодии баён ва боздошти хабарнигорон дар кишвар изҳори нигаронӣ карда, аз ҳукумат даъват кард, ки “фазои пуршиддати тарсро аз байн барад.”

Мақомот ба ин изҳорот то ҳол вокуниш накардаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG