Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зайд Саидов дар додгоҳ бо сухани охирин баромад мекунад


Вакилони дифои Зайд Саидов, соҳибкории зиндонии тоҷик аз Додгоҳи олии Тоҷикистон дархост кардаанд, ки зерҳимояашонро “сафед” намояд.

Рӯзи душанбе, 20 июл қарор аст соҳибкор Зайд Саидов бо сухани охирини худ дар Додгоҳи олӣ баромад кунад ва баъди ин ҳукми ӯ эълон мешавад. Соҳибкори маъруф, ки декабри соли 2013 ба 26 соли зиндон маҳкум шудааст, аз рӯи парвандаи дуюм дар сохтакории ҳуҷҷат, сӯиистифода аз ваколатҳои мансабӣ, тасарруфи маблағҳои давлатӣ ва саркашӣ аз андоз муттаҳам мешавад.

Айбдоркунандаи давлатӣ дар суханронии ахири худ дар оғози моҳи июл гуфт, ки дар мурофиа кулли гуноҳҳои Саидов исботи худро ёфта, аз додрас тақозо кард, ки нисбати соҳибкори зиндонӣ 25 соли ҳабс ва 34 миллион сомонӣ ҷарима ҳукм кунад. Парвандаи Зайд Саидов аз тарафи раёсати тафтишотии Оҷонсии зиддифасод ба додгоҳ ирсол шудааст. Аз рӯи шикояти ҳамин ниҳод соли 2013 Зайд Саидов барои тамаъҷӯӣ, сӯиистифода аз мақом ва бисёрзанӣ ба 26 соли зиндон маҳкум шуд ва Зайд Саидов ҳам дар додгоҳе, ки ҳоло ҷараён дорад, аллакай ба унвони маҳкумшуда аз рӯи ҳукми додгоҳи аввал иштирок мекунад.

Адвокат: Зайд Саидов "сафед" карда шавад

Исҳоқ Табаров, яке аз вакилони дифои Зайд Саидов рӯзи 20 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ки вай дар мурофиае, ки рӯзи панҷшанбе баргузор шуд, зимни охирин суханронии вакилони мудофеъ исбот намуд, ки иттиҳомоти ворида алайҳи зерҳимояи ӯ асоси воқеӣ надоранд ва аз ин рӯ аз додгоҳ хоҳиш кард, ки Зайд Саидов сафед карда шавад. Айбдоркунандаи давлатӣ аз ин пеш дар баромади худ гуфта буд, ки гуноҳҳои соҳибкор исбот шуданд.

Исҳоқ Табаров мегӯяд, умедвор аст, ки Додгоҳи олӣ дар нисбати парвандаи Зайд Саидов бархӯрди одилона намуда ва қазияро мунсифона баррасӣ мекунад. Исҳоқ Табаров афзуд, ки қарор аст имрӯз мурофиаи навбатӣ баргузор шавад ва айбдоршаванда Зайд Саидов сухани охирини худро иро намояд.

Рӯзи 20 июл қарор аст худи Зайд Саидов бо сухани охирини худ дар додгоҳ баромад кунад. Ҳамонтавре, ки дар додгоҳи аввал гуфта буд, ин навбат ҳам соҳибкор ба бегуноҳии худ исрор меварзад ва аз Додгоҳи олӣ алаб хоҳад кард, ки парвандаи ӯ аз нав ва мунсифона баррасӣ ва муҳокима шавад. Ба иттилои Исҳоқ Табаров, Додгоҳи олӣ бо назардошти мусодираи амволи корхонаи "Тоҷикатлас" даъвои шаҳрванди Ветнамро бекор ва парвандаро қатъ кардааст.

Зайд Саидови 55-сола, вазири собиқи саноати Тоҷикистон ва аз соҳибкорони муваффақи кишвар рӯзи 19 маи соли 2013, ҳангоми бозгашт аз сафари Фаронса дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе дастгир ва 25 декабри ҳамон сол бо иттиҳомоте, чун сӯиистифода аз мақом, бисёрзанӣ, ришвагирӣ ва таҷовуз ба номус ба 26 соли зиндон маҳкум шуд.

Дар тӯли соли гузашта мақомот бар асоси ин ҳукм ба камияш 8 корхонаву ширкатҳои марбут ба Зайд Саид ва наздикони ӯ, аз ҷумла фабрикаи дӯзандагии "Гулистон" ва корхонаи "Тоҷикмармар"-ро давлатӣ карданд. Ӯву тарафдоронаш аммо иттиҳомоти қабливу кунуниро рад мекунанд ва онро сиёсӣ меноманд. Ба ақидаи Зайд Саид ва ҷонибдоронаш, ӯ баъди эълони азми худ барои таъсиси ҳизби сиёсии "Тоҷикистони нав" таҳти таъқиби мақомот қарор гирифтааст.

XS
SM
MD
LG