Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Айбдоркунандаи давлатӣ барои Зайд Саидов 25 соли зиндон хост


Tajik businessman and politician Zaid Saidov at detention, Photo from anti-corruption.tj
Tajik businessman and politician Zaid Saidov at detention, Photo from anti-corruption.tj

Намояндаи Додситонии кулли Тоҷикистон дар мурофиаи соҳибкори зиндонии тоҷик аз Додгоҳи олӣ талаб кард, ки Зайд Саидовро ба 25 соли зиндон ва 34 миллион сомонӣ ҷарима маҳкум кунад.

Айбдоркунадаи давлатӣ - намояндаи Додситонии кулли Тоҷикистон дар мурофиаи соҳибкори зиндонии тоҷик аз Додгоҳи олӣ талаб кард, ки Зайд Саидовро ба 25 соли зиндон ва 34 миллион сомонӣ ҷарима маҳкум кунад. Дар ин бора ба радиои Озодӣ Исҳоқ Табаров, вакили дифои соҳибкори маъруф хабар дод. Зайд Саидов декабри соли 2013 барои тамаъҷӯӣ, сӯиистифода аз мақом ва бисёрзанӣ ба 26 соли зиндон маҳкум шудааст.

Вакили Зайд Саидов мегӯяд, айбдоркунандаи давлатӣ дар баромади худ гуфт, ки дар ин мурофиаи додгоҳӣ гуноҳҳои соҳибкор исбот шуданд. Парвандаи Зайд Саидов аз тарафи раёсати тафтишотии Оҷонсии зиддифасод ба додгоҳ ирсол шуда, дар он ин соҳибкор барои сохтакории ҳуҷҷат, сӯиистифода аз ваколатҳои мансабӣ, тасарруфи маблағҳои давлатӣ ва саркашӣ аз андоз муттаҳам мешавад. Вале худи Зайд Саидов, ки ҳамакнун бояд бо сухани охирини худ дар додгоҳ баромад кунад, худро гунаҳгор намеҳисобад ва аз Додгоҳи олӣ хостааст, ки парвандаи ӯ мунсифона баррасӣ ва муҳокима шавад.

Ба иттилои Исҳоқ Табаров, Додгоҳи олӣ бо назардошти мусодираи амволи корхонаи "Тоҷикатлас" даъвои шаҳрванди Ветнамро бекор ва парвандаро қатъ кардааст.

Зайд Саидови 55-сола, вазири собиқи саноати Тоҷикистон ва аз соҳибкорони муваффақи кишвар рӯзи 19 маи соли 2013, ҳангоми бозгашт аз сафари Фаронса дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе дастгир ва 25 декабри ҳамон сол бо иттиҳомоте, чун сӯиистифода аз мақом, бисёрзанӣ, ришвагирӣ ва таҷовуз ба номус ба 26 соли зиндон маҳкум шуд. Дар тӯли соли гузашта мақомот бар асоси ин ҳукм ба камияш 8 корхонаву ширкатҳои марбут ба Зайд Саид ва наздикони ӯ, аз ҷумла фабрикаи дӯзандагии "Гулистон" ва корхонаи "Тоҷикмармар"-ро давлатӣ карданд. Ӯву тарафдоронаш аммо иттиҳомоти қабливу кунуниро рад мекунанд ва онро сиёсӣ меноманд. Ба ақидаи Зайд Саид ва ҷонибдоронаш, ӯ баъди эълони азми худ барои таъсиси ҳизби сиёсии "Тоҷикистони нав" таҳти таъқиби мақомот қарор гирифтааст.

Дар қонунҳои Тоҷикистон ҳадди аксари ҳукм барои содир кардани ҷиноят ҳабси якумрӣ ва то 30 соли зиндон муқаррар шудааст.

XS
SM
MD
LG