Маҳмудҷон Қосимов зимни таъйиди ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки "ин дафъа ба шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Исмоили Сомонӣ даъват карданд ва сӯҳбат нахуст бо муовини раиси ин идора ҷараён гирифт ва баъдан ба он сардорони яке аз бахшҳои шаҳрӣ ҳамроҳ гардид".
Ба гуфтаи ҷаноби Қосимов, сӯҳбат дар идораи пулиси Исмоили Сомонӣ ҳудуди се соат идома пайдо кард ва мӯҳтавои сӯҳбат низ ба флеш моби рӯзи гузашта иртибот дошт".
Вай афзуд, ки сӯҳбати имрӯз чун сӯҳбати рӯзи гузашта бо мақомоти амниятӣ, бо риояи ҳама талаботи қонун ва ахлоқу одоб ҷараён гирифт, ки бештар паҳлӯҳои ҳуқуқии баргузории флеш моб баҳс шуд.
Маҳмудҷон Қосимов гуфт, ки аз сӯҳбат ин нигаронӣ буд, ки "дар мавриди барпоии флешмоб оё масъулияте дарк мешуд, ки коре кунем, ки ҳадалимкон тартиботи ҷамъиятӣ халалдор нашавад, мардум нороҳат нашавад, мардум иқдоми моро нодуруст шарҳ надиҳанд."
Бо таваҷҷӯҳ ба ин ҷаноби Қосимов мақомотро мутмаин сохтааст, ки фаъолияти онҳо дар чорчуби талаботи қонун ва одобу ахлоқ будааст. Аммо суоли матраҳ ин аст, ки мақомот иқдоми рӯзи гузаштаи ҳаводорони Зайд Саидовро чӣ гуна арзёбӣ мекунад? Дар ҳамин ҳол Маҳмудҷон Қосимов, мегӯяд, фардо панҷшанбеи 29-уми август соати 9.00 вақти маҳаллӣ вай ва Мавҷуда Соҳибназарова, яке дигар аз аъзои гурӯҳи ташабускори ҳизби "Тоҷикистони нав" ба шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Исмоили Сомонӣ боз даъват шудан ва имкон дорад, мақомот назари худро шарҳ диҳанд.
Қосимов аз сӯҳбат бо мақомот қаноатманд аст
Рӯзи сешанбеи 27-уми август дар иртибот ба 100 рӯзи боздошти Зайд Саидов дар шаҳри Душанбе флешмоб ё маъракаи ҳамраъйӣ баргузор шуд. Ширкаткунандагони ин намоиш ба ҳаво 100 кабӯтар сар доданд ва бори дигар шиори “Озодӣ ба З.Саидов”-ро ба забон оварданд. Ин ҳамоиш дар боми Маҷмаи тиҷоратии «Пойтахт» бо ҳузури ҳудуди 50 тан аз ҷонибдорони Зайд Саидов сурат гирифт.
Маҳмудҷон Қосимов, дар шарҳи ин иқдом гуфт, ки бо ин роҳ мехоҳад бори дигар таваҷҷӯҳи ҷомеаро ба қазияи Зайд Саидов ҷалб кунад. Вай гуфт, ки кабутари сафед рамзи озодист ва бо сар додани сад кабутари сафед ба осмон, мехоҳанд дубора ба озод шудани вай даъват кунанд.
Зайд Саидов аз рӯзи 19 май инҷониб дар боздошт аст. Мақомоти тафтишотӣ ӯро дар содир кардани ҷиноятҳои сангин, аз ҷумла, тамаъҷӯӣ, гирифтани пул, таҷовуз ба номус, водор кардани ноболиғ ба исқоти ҳамл ва бисёрҳамсарӣ муттаҳам мекунанд. Вале худи соҳибкор ин иттиҳомотро қабул надорад ва мегӯяд, ки фишору таъқиби ӯ бо нияти ташкили ҳизби сиёсии "Тоҷикистони нав" иртибот дорад, ки дар борааш як моҳ пеш аз боздошташ расман эълон карда буд.