Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Худоё, беватан мемирам охир!" Ёдворае аз Искандари Хатлонӣ


Искандари Хатлонӣ
Искандари Хатлонӣ

Искандари Хатлонӣ, шоир ва рӯзноманигори номвари тоҷик, 24 сол пеш, дар 46-солагӣ дар Маскав кушта шуд. Асрори марги ӯ ба мисли зиндагии пуршебу фарозаш то имрӯз нақши ҷонсӯзе барои хонавода, ёру дӯст ва ҳаводорони осораш гузошта.

Достони видеоии "Худоё, беватан мемирам охир!" ба ифтихори 70-умин солгарди таваллуди Искандари Хатлонӣ омода шуд. Мусоҳибон дар ин видео дар бораи шахсият, шеър, нақши ӯ дар ягонагии фарҳангии ҳавзаи забони порсӣ, саҳмаш дар адабиёт ва талошҳояш дар бахши рӯзноманигорӣ ва инъикоси масоили башарӣ мегӯянд.

Ин шоири тоҷик дар рустои Чуқураки Кӯлоб зода шудаву нахуст риштаи сохтмонии яке аз омӯзишгоҳҳои Душанбе хатм кардааст. Сипас дар Донишкадаи машҳури адабиёти Маскав ба номи Горкий хонда, муддате дар нашрияи “Адабиёт ва санъат” хабарнигор буд.

Ӯ дигарбора ба Маскав баргашт ва дар ниҳодҳои фарҳангиву адабии маркази Шӯравӣ кор кард. Замоне фиристодаи Шӯравӣ дар Афғонистон ва устоди Донишгоҳи улуми иҷтимоии Кобул буд. Ҳузур дар Афғонистон таъсири бузурге рӯйи шахсият, шеър ва ҷаҳоншинохтии Искандар гузошта, дар Кобул маҷмӯи дувуми ашъораш бо номи “Садои пойи вожаҳо” ба табъ расидааст.

Пас аз бозгашт аз Афғонистон Искандари Хатлонӣ солҳо хабарнигори Радиои Би-би-си ва баъдҳо то замони марг хабарнигори Радиои Озодӣ дар Маскав буд.

Ҳоло чеҳра ва маълумотнома дар бораи Искандари Хатлонӣ дар даромадгоҳи Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ дар девори шарафи USAGM ва Нюзмузеюм ё Осорхонаи Хабар дар Вашингтон гузошта шудаанд.

Искандари Хатлонӣ ҳарчанд ашъори кам суруда, вале аз он ҷо, ки дар осораш ваҳдати форсзабонҳо ва талошҳо барои ягонагии фарҳангии ин ҳавза барҷаста буд, баъзе аз онҳо вориди китобҳои дарсӣ дар Эрон шудаанд.

Баъзе аз ашъори ватандӯстонаи ӯ дар Афғонистон ҳанӯз аз солҳои 80-уми қарни гузашта аз сӯйи овозхонҳои маъруф суруда шудаанд. Аз ҷумла, шеърҳои “Худоё, беватан мемирам охир” ва “Дар хуни ман ғурури ниёгон нуҳуфта аст” аз сӯйи овозхонҳои саршиноси Афғонистону Тоҷикистон то имрӯз хонда мешавад.

Ин достони видеоӣ ба ифтихори 70-умин солгарди таваллуди Искандари Хатлонӣ омода шуд. Мусоҳибон дар ин видео дар бораи шахсияти Искандари Хатлонӣ, шеър, нақши ӯ дар ягонагии фарҳангии ҳавзаи забони порсӣ, саҳмаш дар адабиёт ва талошҳояш дар бахши рӯзноманигорӣ ва инъикоси масоили башарӣ мегӯянд.

Видеоро дар ин ҷо бинед:

Искандари Хатлонӣ. "Худоё, беватан мемирам охир!"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:25:20 0:00

XS
SM
MD
LG