Пас аз қатли бераҳмонаи Искандари Хатлонӣ, шоири шинохта ва хабарнигори Радиои Озодӣ дар Маскав дар соли 2000-ум, Муҳамадраҳими Сайдар нависанда ва хабарнигори дигари тоҷик барои кор дар радио ба ҷойи ӯ омад.
Бехабар аз он ки, ки пас аз даҳ соли дигар мисли Искандари Хатлонӣ дар он мулки ғарибӣ ҷон медиҳад ва турбати сардаш ба ватан бармегардад. То он ки Муҳаммадраҳими Сайдар ба Радиои Озодӣ дар Маскав ба кор биёяд, чандин сол буд дар Русия ранҷи ғарибӣ мекашид, то луқмаи ноне барои худу хонаводааш пайдо кунад.
Гулрухсори Сафӣ, шоири тоҷик аз он рӯзҳо чунин ёд мекунад: “Мо дар ҳамон рӯзҳои сахти ғарибиву ғурбати бегуноҳӣ дар Маскав ҳамроҳ будем. Ман медидам, ки Муҳаммадраҳим 24 соат кор мекард. Намедонам чӣ мегирифт, барои он ки мехост оилаашро таъмин кунад. Аммо дар ин ҷо имкон надошт, хатар дошт.”
Муҳаммадраҳими Сайдарро оташи ҷанги дохилии солҳои 90-ум ба ғурбати якумрӣ ба Русия кашонд. Ҷанги дохилии тоҷикон сабаби фирори ҳазорон нафар аз зодагони Рашту Бадахшон шуд. Он ҳам дар ҳоле ки шахсоне мисли Муҳаммадраҳим дар хидмати миллату фарҳанг буданд.
Мардони Муҳаммад, хабарнигори тоҷик: “Аз ҷумлаи аввалинҳое буд, ки барои ба забони тоҷикӣ додани мақоми давлатӣ садо баланд карда буд. Ёдам ҳаст, дар охири даҳаи ҳаштодум як мақолаи хеле ҷолиби оқои Сайдар ҳамроҳ бо Адаш Истад дар бораи бозгашт ба хатти ниёгон чоп шуд, ки дар он замон ин як таҳаввулоте буд.”
Муҳаммадраҳими Сайдар дар солҳои ҳаштодум ҳамроҳ бо чанд нафар нависандагони ҷавон ҳамчун адибони тозагӯ вориди адабиёти тоҷик шуданд. Қиссаву ҳикояҳои Сайдар қолабшиканӣ дар насри он замон дошт.
Равшани Махсумзод, муовини раиси Иттифоқи нависандагон аз ӯ чунин ёд мекунад: “Ҳикояҳое, ки Сайдар менавишт, аз ҳаёти мардуми деҳот менавист. Ҳам муъҷазбаёниаш, ҳам забонаш, ҳам дар интихоби мавзуъ ва фаро гирифтани мавзуъ бисёр ҳам хуб буд. Ва метавон гуфт, ки имруз адибони ҷавони мо, ки мехоҳанд ҳикоя нависанд, бояд аз Муҳаммадраҳими Сайдар бисёр чизҳоро омӯзанд.”
Эҷодиёти Муҳаммадраҳими Сайдар то замони фавташ дар китобе ҷамъоварӣ ва нашр нашуда буд. Ба қавли Гулрухсор Муҳаммадраҳими Сайдар ягона нависандае буд, ки бе нашри китобаш ба узвияти Иттифоқи нависандагон пазируфта шуд. Радиои Озодӣ пас аз марг маҷмуаи қиссаву ҳикояҳои ӯро дар китобе бо номи “Гаҳвораи ноз” ба чоп расонд.
Гулрухсори Сафӣ мегӯяд: “Китобҳояшро чоп кунанд, дар ягон ҷои китобаш ба ягон кас тавҳин накардааст, аз китоби вай бисёр чизро омухтан мумкин. Баъд як ҳусни хатти аҷоиб дошт, ба маънои навиштан. Ҳамон тавре, ки андеша карданро аз модараш ёд гирифта буд, ҳамон тавре, ки мардуми деҳ бо суханонашон гуфтугӯ мекарданд, ҳамон тарзро адибона дар адабиёт ворид кард. Бисёр чиз гуфта натавонист, фоҷиа бисёр дароз буд, умри ӯ кутоҳ.”
Хонаводаи Муҳаммадраҳими Сайдар тасмим доранд, ин китобро бо теъдоди бештар бознашр кунанд. Хонаводае, ки мушкиливу фироқро бо Муҳаммадраҳими Сайдар таҳаммулу пушти сар карданд. Ӯ, ки бо хонуми шаҳрӣ издивоҷ кард, ҳамсараш розӣ шуд ва бо ӯ ба деҳае дар водии Рашт рафт. Сахтиҳои бехонагиву иҷоранишинро ба ҳам диданд, аммо аз эҷод, лаҳзае ҳам дур нашуданд, то ин ки ояндаи се фарзандашон рушан бошад.
Шарофат Мирзоева, ҳамсари Муҳаммадраҳими Сайдар: “Ҳамин ки ман номзади илм шудам, бештар аз ман Муҳаммадраҳим ҳамин чизро мехост, бисёр мехост, ман номзади илм шавам ва дар баробари он ки худаш эҷод мекард, ба ман ҳам имконият фароҳам меовард. Масалан мегуфт, ки ин бегоҳ ин миз аз они ту. Ту шишта кор мекунӣ ва пагоҳ ман шишта кор мекунам. Мо дар як ҳуҷрагӣ иҷора менишастем.”
Бемории диабети қанд, ки солҳо Муҳаммадраҳими Сайдарро азият медод, оқибат кори худро кард ва 3-уми январи соли 2011 дар ғарибӣ, дар яке аз бемористонҳои шаҳри Тула Русия фавтид. Ҳоло дар зодгоҳаш ноҳияи Рашт, мактаберо таҳсил карда буд ба номи Муҳаммадраҳими Сайдар гузоштаанд.