Ҳар боре ки дар шаҳру шаҳракҳои Украина ҳайкали Ленин фурӯ меафтад, бовари бисёриҳо қавитар мешавад, ки Владимир Путин Украинаро “аз даст” медиҳад.
Раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Барак Обама талош кард, чунин ақидаи давраи Ҷанги сардро бепоя барорад. Вай рӯзи 19-уми феврал дар сафараш ба Мексика гуфт: "Бархӯрди мо чунин аст, ки Иёлоти Муттаҳида ҳамаи инро тахтаи шоҳмоти давраи Ҷанги сард ва сабқати мо бо Русия намешуморад. Мақсади мо ин аст, ки мардуми Украина тавонанд худ ояндаи хешро интихоб кунанд.”
Вале воқеияти сахти геополитикӣ достони дигареро ривоят мекунад. Аз замони истиқлолияташ дар соли 1991, Украина мафтуни Ғарб монда буд ва Русия пайгирона мехост, минтақаи нуфузи худро дар қаламрави Шӯравии пешин ҳифз кунад.
Леонид Кравчук, нахустин раисиҷумҳури пасошӯравии Украина мегӯяд: "Русия донист, ки бе Украина наметавонад, дар Аврупо сохтори наву қавии баробарвазн бо Иёлоти Муттаҳида ва дигаронро бунёд кунад. Ин ҳадафи Русия аст ва биноан, қарори стратегӣ кард, ки бояд Украинаро дар оғӯши худ нигоҳ дорад.”
Сафири пешини Амрико дар Украина Стивен Пифер низ тақрибан ба ҳамин андеша аст: "Русия ангезаи хеле қавӣ дорад. Ман фикр мекунам, ин барои Путин як масъалаи хеле калон аст. Вай мехоҳад, дар фазои пасошӯравӣ минтақаи нуфуз созад. Қисми калони он Иттиҳоди Гумрукӣ хоҳад шуд. Агар Украина ба тарафи Иттиҳоди Аврупо равад, дар ин фазо як холигоҳи бузург пайдо мешавад. Ва ҳамчунин фикр мекунам, масъала барои обрӯи сиёсии Путин дар дохили Русия низ муҳим аст. Ҷалби Украина масъалаи муҳими Русия ва бохтани он обрӯрезист.”
Аммо Украина барои Русия фақат масъалаи обрӯ нест. Муаллифи китоби “Украина. Инқилоби норанҷӣ” Эндрю Вилсон мегӯяд, “демократияи ҳақиқӣ дар Украина як хатари марговар ба тамоми низомест, ки Владимир Путин аз соли 2000 ба ин сӯ бунёд кардааст.”
Русияи худкома ва на танҳо он, балки кишварҳои дигари пасошӯравии ҳамбастаи Русия низ аз сарнагун шудани як режими дуздсолорона дар қаламрави Шӯравии собиқ истиқбол намекунанд. Онҳо дарк мекунанд, ки таҳавулоти Украина метавонад намунае барои худашон низ бошад.
Маскав ҳамчунин дар Украина манфиатҳои ҳаётан муҳими иқтисодӣ ва амниятӣ дорад. Нерӯҳои баҳрии он дар бандари Севастопол, калонтарин шаҳри Қрими Украина лангар андохтаанд. Инчунин бахши умдае аз гази Русия ба воситаи лӯлаҳои Украина ба Аврупо интиқол меёбад ва олигархҳои Русия дар Украина, махсусан дар шарқи он кишвар, манфиатҳои бузург доранд.
Таҳлилгарон бар инанд, ки вокуниши ҳарбии Русия ба рӯйдодҳои Украина ё фиристодани “посдорони сулҳ” ба ин кишвар, бо вуҷуди даъватҳои манотиқи руспарасти он, хеле кам аст. Чунин мудохила барои Маскав аз ҳамлаи соли 2008 ба Гурҷистон дида харҷу душвории ба маротиб бештар хоҳад дошт.
Аммо Русия мумкин аст, аз он чизе ки “федерализатсия”-и Украина меномад, пуштибонӣ кунад. Ин токтике хоҳад буд, ки ба Маскав имкон медиҳад, аз ҳамгироии бештари Киев бо Иттиҳоди Аврупо пешгирӣ кунад. Барои ин Русия равобити иқтисодияшро бо минтақаҳои “худмухтор”-и шарқӣ амиқтар хоҳад кард.
Раиси Маркази Карнегии Маскав Дмитрий Тренин бар ин аст, ки “ҳарчанд федерализмро Киев ва Украинаи Ғарбӣ қадаме ба тақсим шудани кишвар медонанд, амалан, ин чизест, ки метавонад, ягонагии Украинаро ҳифз кунад, зеро мухторияти бештари молиявӣ ва фарҳангӣ ба онҳо имкони ҳамзистии осонтар хоҳад дод.”
Ҳоло Украина дар вартаи фурӯпошии иқтисодист. Ҳукумати Украина мегӯяд, ба 35 миллиард доллар кӯмаки фаврӣ ниёз дорад. Дар ин ҳолат Русия метавонад бо истифода аз ҷумакҳои лӯлаи газ норозигиҳои иҷтимоиро ангезиш диҳад ва ҷудоиҳои сиёсиро дар Украина амиқтар кунад.
Вилсон менависад, “Русия ба ҳукумати нави Украина фурсати ташрифотии “моҳи асал” медиҳад ва сонӣ аз ҳамаи абзори мумкин истифода хоҳад кард, то онро ноком гардонад.”
Аллакай рӯзи 24-уми феврал сарвазири Русия Дмитрий Медведев қонунмандии ин ҳукуматро зери суол бурд. Вай кишварҳои Ғарбро танқид кард ва гуфт, онҳо талош доранд, ба ҳукумате қонунмандӣ диҳанд, ки натиҷаи ошӯби мусаллаҳона аст.
Таҳлилгарон дар ин ҳолат ба зарурати миёнаравии байнулмилалӣ ва дарёфти ҳалли дарозмуддате барои Украина таъкид мекунанд. Онҳо ҳушдор медиҳанд, ки дар акси ҳол ин кишвар дар гирдоби бӯҳрони ҳамешагӣ боқӣ хоҳад монд.