Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Турчинов раҳбари "муваққат"-и Украина шуд


Олександр Турчинов
Олександр Турчинов

Парлумони Украина рӯзи 23 феврал бо як қарори вижа иҷрои салоҳиятҳои раисиҷумҳурро муваққатан ба раиси порлумон вогузор кард

Верховни Рада - порлумони Украина рӯзи 23 феврал иҷрои салоҳиятҳои раисиҷумҳурро муваққатан ба раиси порлумон Олександр Турчинов вогузор кард. Турчинов аз ҳизби Баткившинаи сарвазири собиқ Юлия Тимошенкост, ки рӯзи 22 феврал аз маҳбас раҳо шуд.

Порлумони Украина як рӯз пеш Виктор Януковичро ба далели тарки иҷрои вазифааш аз симати раисиҷумҳур озод кард ва интихоботи пеш аз мӯҳлати раёсати ин ҷумҳуриро ба рӯзи 25 май таъин кард. Янукович, ки аз Киев хориҷ шуд, дирӯз гуфт, ки то ҳол худро раисиҷумҳури қонунӣ меҳисобад.

Амрико ба Украина ваъдаи кумаки молӣ дод

Амрико ҷиҳати кумак ба эҳёи иқтисоди Украина изҳори омодагӣ кардааст. Русия баракс мунтазир аст ва аз додани 2 миллиард доллар бахши дувуми кумакҳои ваъдакардааш ба Киев худдорӣ мекунад.

Вошингтон рӯзи 23 феврал, як рӯз баъд аз барканории раисиҷумҳури Украина Виктор Янукович аз сӯи парлумон гуфт, "омода" аст, ба Украина дар амри эҳёи иқтисодаш кумак кунад. Тарси инки иқтисоди дар қарз ғӯтидаи Украина метавонад дучори варшикастагӣ шавад, дар бозорҳои воҳима афкандааст. Дар натиҷа фоизе ки барои бондҳои қарзии Украина пешниҳод мешаванд, башиддат боло рафта, қурби пули миллии ин кишвар - ҳривна - дар як ҳафтаи охир 10 дарсад коҳиш ёфтааст.

Вазири дороии Амрико Ҷакоб Лю рӯзи 23 феврал баъд аз мулоқот бо вазири молияи Русия Антон Силуанов дар ҳошияи нишасти G20 дар Сиднейи Австралия ба Украина ваъдаи кумак кард. Бино ба пешбинии созмони "Standard and Poor’s", ки рӯзи ҷумъа нашр шуд, Украина имсол шояд аз ӯҳдаи 13 миллиард қарзаш набарояд ва варшикаста шавад, агар Русия 15 миллиард доллар кумаки молии ваъдагиашро ба Киев надиҳад. Антон Силуанов гуфт, Русия масъалаи азсаргирии кумакҳои молиаш ба Украинаро баъди ташкили ҳукумати нав дар он кишвар бозбинӣ хоҳад кард.

Русия алакай ба Украина 3 миллиард доллар кумак расонда, дар ин ҳафта мебоист бахши дувуми ин кумак, иборат аз 2 миллиард долларро барои харидории бондҳои қарзии Украина дар биржаи Ирландия ҷудо мекард. Аммо худдории Маскав аз ироаи ин кумак ба далели номуайянии сиёсӣ дар Украина боис шуд, ки Киев аз фурӯши ҳудуди 2 миллиард доллар бондҳояш "дар биржаи Ирландия "ба далели аз ширкат дар ин муомила даст кашидани сармоягузори асосӣ" худдорӣ кунад.

Янукович худро президенти қонунӣ медонад

Парлумони Украина рӯзи шанбе ба барканории Виктор Янукович, раиси ҷумҳури ин кишвар раъй дод ва ҳамчунин 25-уми моҳи майро барои баргузории интихоботи пешазмӯҳлат таъйин кард.

Янукович
Янукович
Ин дар ҳолест, ки сухангӯи Виктор Янукович гуфтааст, ки вай тасмими парлумонро нахоҳад пазируфт. Эътирозгарони украинӣ бегоҳи шанбе қасри раёсати ҷумҳури Украинаро дар назорати худ гирифтанд ва шаҳри Киев-пойтахти ин кишвар низ дар контроли онҳо даромадааст. Рӯзи шанбе раиси парлумони Украина Володимир Рибак, аз тарафдорори Виктор Янукович, аз мақоми худ истеъфо дод ва раиси нави парлумон интихоб шудааст.

Раъйи парлумони Украина ба барканории Виктор Янукович
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:01 0:00


Виктор Янукович дар як барномаи аз пеш сабтшуда, ки соати чаҳори баъд аз зуҳри рӯзи шанбе ба вақти маҳаллии он кишвар пахш шуд, эълом кард, ки "муҳофизат аз мардум"-ро вазифаи худ медонад ва барои поён додан ба хунрезӣ дар кишвар талоши худро дареғ нахоҳад дошт."

Вай гуфтааст, ки аз қудрат канорагирӣ нахоҳад кард ва рӯйдодҳои рӯзи шанбе дар Киевро кудато ё табаддулот хондааст. Виктор Янукович афзудааст, ки худро ҳамчун раиси ҷумҳури машрӯъ ва қонунии Украин медонад ва ин кишварро тарк накарда ва истеъфо нахоҳад дод.

Раиси ҷумҳури Украина мегӯяд, ки истеъфо нахоҳад дод
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:29 0:00

Дар ҳамин ҳол Юлия Тимошенко, нахуствазири пешини Украина пас аз озодӣ дар шаҳри Харков, ба Киев рафт ва дар майдони "Истиқлол"-и ин шаҳр мавриди истиқболи ҳазорон нафар аз эътирозгрон қарор гирифт. Юлия Тимошенко дар суханронии хуб, хиттоб ба ҳозирон гуфт: "Шумо беҳтарин украиниҳо, қаҳрамон ҳастед."

Хонум Тимошенко ба мӯътаризони ҳозирбуда дар майдони "Истиқлол" ҳушдор дод, ки фикр накунанд, ки кор тамом шудааст. Нахуствазири пешини Украина гуфт: "То корро тамом накунед, набояд ин майдонро тарк кунед. Зеро, ки ҳеҷ кас наметавонад кореро, ки шумо анҷом додаедро анҷом медод. На кишварҳои дигар, на ҳеҷ каси дигар. Мо ин ғудаи саратониро аз байн бурдем."


Суханронии Юлия Тимошенко дар майдони "Истиқлол"-и Киев
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:53 0:00

Юлия Тимошенко ки аз мухолифони сарсахти Виктор Янукович ба шумор меравад, баъд аз зуҳри рӯзи шанбе аз зиндон дар шаҳри Харков озод шуд. Хонум Тимошенко аз оғози эътирозот хостори барканории Виктор Янукович буд.Ӯ пас аз озодӣ аз зиндон гуфт: "диктаторӣ дар Украина суқут кард"

Ӯ соли 2011 ба иттиҳоми сӯиистифода аз қудрат муҳокима ва ба ҳафт соли зиндон маҳкум шуда буд.

Дар ҳамин ҳол парлумони Украина рӯзи шанбе Арсен Аваков, аз намояндагони мухолифи раиси ҷумҳурро ба унвони вазири умури дохилии муваққат таъйин кард. Ӯ аз муттаҳидони Юлия Тимошенко ба шумор меравад.


Радиои Озодӣ дар як Таймлайн ё силсилаи аксҳову асноди мустанад роҳи сиёсии Юлия Тимошенкоро пайгирӣ кардаанд. Ин таймлайн бо забони русӣ дар ин нишонӣ қобили тамошост:





Рӯзи шанбе хабаргузории русии "Интерфакс" аз қавли мушовири раиси ҷумҳури Украина навишта буд, ки дар ҳоли ҳозир Виктор Янукович дар шаҳри Харков қарор дорад ва бо интихобкунандагони худ мулоқот намуда ва имрӯз аз тариқи телевизион баромад хоҳад намуд.

Виктор Янукович дар ҳоле пойтахтро тарк кард, ки эътирозгарон тавофуқи таъмини сулҳ дар Киевро радд карданд. Ин мӯътаризон ҳамчунон ҳушдор дода буданд, ки агар раиси ҷумҳур истеъфо надиҳад, ба кохи раёсати ҷумҳури ин кишвар ҳамла хоҳанд кард.

Виталий Кличко-раҳбари мухолифон рӯзи шанбе дар нишасти парлумони он кишвар аз намояндагон хост, ки қатъномаеро ба тасвиб расонанд, ки дар он истеъфои фаврии Виктор Янукович тақозо мешавад, зеро вай бар зидди эътирозгарон нируи низомӣ ба кор бурдааст. Кличко гуфт, ки Янукович Киевро тарк кардааст ва «ҳоло парлумон ягона ниҳоди қонунӣ ба шумор меравад».

Раиси ҷумҳури Украина Виктор Янукович ва раҳбарони мухолифи сиёсии ин кишвар рӯзи 21-уми феврал мувофиқатномаеро имзо карданд, ки бар пояи он ташкили ҳукумати ваҳдати миллӣ ва баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар назар дошта шуда буд.

Видои майдони "Истиқлол" бо яке аз қурбониён
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:07:16 0:00


Созишномаи рафъи бӯҳрони Украина ва озодии Тимошенко

Режими Виктор Янукович дар Украина то рафт заифтар мешавад ва аломатҳои рӯшани он дар шакли парвозҳои чартерӣ бо хуруҷи олигархҳои ҷонибдори ӯ, шариконаш дар ҳизб ва парлумон мушоҳида мешаванд. Намояндагони парлумони Украина дар ҷаласаи рӯзи ҷумъаи 21-уми феврал дар “Верховни Рада” аз ин, ки раиси порлумон Володимир Рибак ба толор ворид шуд, дар ҳайрат афтоданд. Зеро як рӯз пеш расонаҳо навишта буданд, ки Рибакро дар ҳоли саворшавӣ ба ҳавопаймо дар масири Туркия диданд. Шоҳидони айнӣ мегӯянд, дидаанд, ки Рибак, ин зодаи 67-солаи минтақаи Донетск ва яке аз бунёдгарони “Ҳизби Регионҳо”-и Янукович ҳамроҳ бо аҳли хонаводааш буд ва дар даст ҷомадони вазнин дошт. Рибак ҳоло мегӯяд, ки зуком шуда буд ва рӯзи панҷшанбеи 20-уми февралро дар бистар сипарӣ кард.

Аммо рӯйхати парвозҳои чартерӣ дар Твиттер ва маълумоти матбуоти Украина ин гуна аломат медиҳад, ки бо ларзон шудани пояи ҳукумати Янукович даҳҳо тан аз шарикони ӯ ё аз кишвар хориҷ шудаанд ё дар садади хориҷшавӣ ҳастанд.
Ҳатто қабл аз боз шудани ҷузъиёти созиши ахир, дар бораи интихоботи пеш аз муҳлат ва баргаштан ба қонуни асосии соли 2004 шарикони ӯ аз ин эҳтимол бӯ бурда буданд. Гуфта мешавад, ки аз рӯзи чаҳоршанбеи 18-уми феврал ба ин тараф 180 парвози чартерӣ анҷом шудааст. Дар ҷараёни “ҳозиру ғоиб” дар ҷаласаи рӯзи ҷумъаи парлумон маълум шуд, ки аз 204 намояндаи ҳизби Янукович танҳо 131 нафар дар ҷаласа ҳузур доштанд.

Як маҷалла нишон додааст, ки парвозҳо ба ду самт ҷараён мегиранд, ҳам ба сӯи хориҷ ва ҳам ба сӯи манотиқи русизабони ҷануб ва шарқи Украина. Маскав, Франкфурт, Харков, Запорожие, Донетск ва Симферопол аз масирҳои аслии парвозҳо будаанд. Аксари номҳо дар рӯхати мусофирон ба номи хонаводагии намояндагони воломақоми режими Янукович, афсарони пулис ва олигархҳо монанд аст. Барои намуна, дар ҳавопаймои парвози Семвостополи Қрим сабти “Колесник +13” ҷой дорад, ки ба номи ноиби раиси парлумон Игор Колесник рабт мегирад. Дар парвози масири Запорежий исми “Богуслаев В.А сабт шудааст, ки эҳтимолан намояндаи парлумон аз “Ҳизби Регионҳо” Вячеслав Богуслаев бошад.

Дар парвози мисри Донетск бошад, “Бахтеева +5” ба номи Намояндаи мардуми аз ҳамин ҳизб Татяна Бахтеева монанд аст. Матбуот ҳамчунин дар бораи ба сафар баромадани афроди дигар низ гузориш доданд. Матбуот навиштааст, ки ду узви хеле зиддунақизи режим, додситони кулл Виктор Пшонка ва вазири умури дохилӣ Виталий Захарченко ҳоло дар Киев қарор доранд, аммо ба истилоҳи русӣ дар рӯи ҷомадонҳо нишастаанд.
XS
SM
MD
LG