Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумораи мардҳо нисбат ба занон дар Тоҷикистон бештар шудааст


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Масъулони Оҷонсии омори Тоҷикистон мегӯянд, бино ба ҳисоби ахир дар соли гузашта занони тоҷик бештар писар ба дунё оварда, шумораи мардони тоҷикро ба 4 миллиону 224 ҳазор расондаанд.

Занҳои тоҷик дар соли гузашта аз ҳама бештар писар таваллуд карда, сафи мардонро дар кишвар ба 4 миллиону 224 ҳазор нафар расондаанд. Абдувалӣ Қулов -- сардори Раёсати омори демографии Оҷонсии омори Тоҷикистон рӯзи якшанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин иттилоъ ҳангоми ҷамъбасти шумораи аҳолӣ то 1 январи соли 2015 берун омадааст. Ба қавли ҳамсӯҳбати мо, дар соли гузашта занҳои тоҷик дар баробари ҳар 100 духтар 112 писар ба дунё овардаанд, ки дар муқоиса ба солҳои гузашта аз 10 то 15 дарсад бештар будааст.

Ӯ гуфт, ҳарчанд намедонад омили таваллуди бештари писарон дар Тоҷикистон чист, вале афзуд, "таваллуди духтарону писарон аз соли 2000-ум тақрибан баробар буд ва гоҳе духтарон бештар буданд, аммо аз соли 2010 оҳиста-оҳиста таваллуди писарон афзоиш ёфт."

Афзоиши таваллуди писарон шумораи мардҳо нисбат ба занҳоро низ дар Тоҷикистон бештар кардааст. Ҳоло дар ҷумҳурӣ 4 миллиону 224 ҳазор мард будаанд, ки сафашон 0,6 дарсад нисбат ба занҳо бештар аст. Дар Тоҷикистон 4 миллиону 127 ҳазор ҷинси зан сабт шудааст.

Насим Бобоев, сокини 38-солаи шаҳри Душанбе мегӯяд, ҳамсараш чаҳор духтар таваллуд карда буд ва моҳи декабри соли гузашта онҳо соҳиби писар шудаанд. "Пеш аз таваллуди чор духтар умуман ташхис нагузаронда будем, то пешакӣ фаҳмем, ки ҷинси кӯдак чӣ аст. Рости гап, ин дафъа даҳ бор УЗИ кардем. Ду бор духтар гуфтанд, бо маслиҳат “аборт” кардем. Дафъаи охир гуфтанд, ки писар аст," -- гуфт ӯ.

Бархе аз коршиносони соҳаи тандурустӣ низ мегӯянд, афзоиши таваллуди писар бештар ба он рабт мегирад, ки бархе аз занҳо тифли модинаи батнашонро исқоти ҳамл мекунанд. Гулрӯ Маҳмадаминова, корманди яке аз таваллудхонаҳои пойтахт гуфт, ҳафтае на камтар аз панҷ нафарро барои он ки тифли батнаш духтар будааст, исқоти ҳамл мекунанд.

Аммо Шамсиддин Қурбонов, раиси маркази тиббии “Насл” мегӯяд, афзоиши таваллуди писарон омилҳои дигар ҳам дорад. Аз ҷумла ба гуфтаи ӯ, “яке аз омилҳои таъсиррасон метавонад ғизо бошад. Воқеан, зери таъсири ҷирмҳои осмонӣ ҳам таваллуди писар сурат мегирад, ки аз таҷрибаҳо ин ба воқеият наздик аст. Шояд соли гузашта соле буд, ки зери таъсири ҷисмҳои осмонӣ писар бештар таваллуд шудааст.”

Мард дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон саробону пешвои хонавода ва нерӯи асосии корӣ ҳисоб мешавад. Ин аст, ки тоҷикон маъмулан ба таваллуди писар бартарият медиҳанд ва мехоҳанд, ки нисбат ба духтар писари бештар дошта бошанд. Марям Давлатова, ҷомеашиноси тоҷик, мегӯяд, мардум дар симои писар бештар вориси худро мебинанд. Аммо ин ҷомеашинос мегӯяд, ҳоло духтарбезорӣ дар Тоҷикистон ба ҳадди сифр поин рафтааст.

Дар Тоҷикистон ҳамасола бештар аз 200 ҳазор тифл таваллуд мешавад. То чанд соли пеш шумораи навзодони духтар аз навзодони писар бештар буд ва ҳатто ин мавзӯъ, ки занони тоҷик аз мардҳо бештаранд, борҳо дар матбуот матраҳ шудааст. Вале ҳоло ин омор тағийр ёфта, мардонро бештар аз занон мегӯяд.

XS
SM
MD
LG