Пас аз 18 соли бефарзандӣ як сокини 35-солаи ноҳияи Мӯъминобод якбора се фарзанд - ду духтару як писар ба дунё овард. Ҳоло модару кӯдакҳо “чилланишинӣ” доранд. Дилафрӯз Менгиқулова, 11 сол бо як шавҳар зиндагӣ карда, фарзанд наёфт ва бо ин далел аз шавҳари аввал ҷудо шуда, шавҳари дигар кард. Ӯ танҳо пас аз 7 соли зиндагӣ бо шавҳари дуввумаш 28 январ сегоник таваллуд кард. Навзодҳо ҳама бо вазни солим, яъне 1,700, 2,400 ва 2,700 кг ба дунё омаданд.
Карим Холбобоев, ҳамсари 45-солаи Дилафрӯз, рӯзи душанбеи 9 март ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯ баъди фавти ҳамсари аввалаш бо ин духтар
оила бунёд кард, то се тифли ӯ аз меҳри модарӣ маҳрум набошанд. Карим мегӯяд, модарандар дар байни мардум маъмулан симои манфӣ дорад, аммо Дилафрӯз ончунон модари хубе баромад, ки тифлакон ӯро чун модари ҷонии худ дӯст дошанд. “Худованд ба ивази меҳру мҳаббаташ ба кӯдакони ятим ба Дилаафрӯз сегона ато кард», - мегӯяд Карим Холбобоев.
Дар ташхиси пешакӣ табибон таваллуди дугоникро ба Дилафрӯз пешгӯӣ карда буданд ва хурсандии Дилафрӯз ҳудуд надошт, зеро баъди 18 соли бефарзандӣ якбора се кӯдак насибаш шуд.
Дилафрӯз Менгиқулова ба Озодӣ гуфт, соли 1998 ба як сокини ноҳияи Восеъ ба шавҳар баромад ва 11 сол бо ӯ зиндагӣ кард. Аммо ин ҷуфт бинобар бефарзандӣ аз ҳам пошид. Дилафрӯз мегӯяд, вақте табибон ба ӯ дугоникро пешгӯӣ карданд, ба хушбахтияш бовар намекард. Аммо вақте бачаҳояш пушти сари ҳам ба дунё омаданд, духтурҳо гуфтанд, ки онҳо се нафаранд.
«Баъди ҷудо шудан аз шавҳари аввалам ман бо Карим оиладор шудам, ӯ се тифли хурд дошт, ки баъди фавти модарашон касе набуд онҳоро нигоҳубин кунад. Ман ба ин хона омада, ин кӯдаконро модар шудам ва кӯшиш мекардам, ки онҳо эҳсоси бемодарӣ накунанд ва дар охир Худо ба ман се тифлро ҳадя намуд. Ман ин кӯдаконро аз баракати ҳамин тифлакони бемодар ёфтам”, - гуфт мусоҳиби мо.
Кӯдакони Дилафрӯз боризқ будаанд, ки ба думболи таваллуди онҳо мақомоти ноҳияи Мӯъминобод ба оилаи онҳо як гову гӯсола тақдим карданд, то кӯдакон бешир намонанд.
Тоҳир Амиршоев, раиси ноҳияи Мӯъминобод рӯзи 7 март ҳини тақдими тӯҳфаҳо ба Дилафрӯз ваъда дод, ки фарзандони ӯ то 18-солагӣ зери назорати ҳокимяти ноҳия қарор хоҳанд гирифт. Ӯ таъкид намуд, ки занҳо бояд, қувваву иродаи худашонро дар тарбияи фарзанд равона кунанд.
«Мо барои ин сегоникҳо тамоми шароитро фароҳам хоҳем овард ва
шумо, модарон дар тарбияи фарзанд ҳамеша кӯшиш ба харҷ диҳед, то дар оянда ба ҷамъият хизматгори хуб бошанд, онгуна ки писарро Тоҳир номгузорӣ кардед ва маънои Тоҳир тоза ва пок аст», - гуфт Тоҳир Амиршоем, раиси ноҳияи Мӯъминобод.
Волидайн сегоникҳо духтарҳоро Фотима, Заҳро ва писарро Тоҳир номгузорӣ карданд. Анварбӣ Сафарова, сартабиби таваллудхона дар сӯҳбати худ гуфта буд, ҳоло ин кӯдакон зери назорати духтурҳо қарор доранд. Соли 2015 ин чорумин мавриди таваллуди секоникҳо дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон аст.
Табибон мегӯянд, бо муроҷиати афзояндаи ҷуфтҳои чашмбароҳи фарзанд барои муолиҷаи безурётӣ ва дар паи истеъмоли маводи дорувори ҳормоналӣ, эҳтимоли таваллуди дугонику сегоникҳо афзоиш ёфтааст.
Айни ҳамин видео дар YouTube