Назираи 24-сола як модари ҷавон аст. Фарзандаш сесола шудааст ва мегӯяд, баъди таваллуди фарзанд ва дар солҳои аввали тарбияи кӯдак аз худ фаромӯш кард ва ҳоло эҳсос мекунад, ки шавҳараш ҳарчи бештар аз зиёд будани вазну тағйирот дар симои зоҳириаш нороҳатӣ мекунад.
“Ҳамеша мегуфт, ки пеш аз таваллуд хушрӯю бо тартиб будам, пас аз таваллуд дар муддати се сол ҳамеша ҳарфҳои сахт мезанад: “Саратро шона кунӣ, мемурӣ? Ба диета шин, ки хароб шавӣ! Ишкама бин!» Назира баъди ин ҳарфҳо рӯзе хесту фарзандашро аз хонаи
Писанд намекард, дағал буд. Дар 46-солагӣ бори аввал ба машқгоҳи варзишӣ рафтам. Дар ҳамон ҷо дарк кардам, ки ман зани зебо ҳастам, ҳанӯз ҷавонам ва бояд дар фикри худ бошам
волидон бурд ва бо фитнес ё варзиши бадан машғул шуд.
Назира мегӯяд, агар ҳангоми таҳсил дар донишгоҳ ӯро ба шавҳар намедоданд, ҳоло имкон дошт кор ҳам кунад. Вай мегӯяд, реҷаи хонашинӣ ба ҳавсалаи зан ҳам таъсир мекунад ва дигар мисли гузаштаҳо масъалаи намуди зоҳириву зебоӣ ва дилрабоӣ ба мадди охир мегузарад. Вале маҳз ҳамин марҳилаи талош барои эҷоди зиндагии шоистаи оилавӣ ва бунёди чорсутуни хона боиси хонавайронӣ мешавад: занҳои зиёде баъди модар ва соҳибхоназан шуданашон бадбахт мешаванд. Эҳсос мекунанд, ки ҳамсаронашон ҳамоно ҳолу ҳавои духтарони мӯрчамиёну замонавӣ ва аз худ огоҳу олуфтаро доранд.
Баъди шикасту дилозорӣ - роҳ сӯи маркази варзишӣ
Масъулони марказҳои варзишӣ ҳам мегӯянд, аксари заноне, ки ба назди онҳо меоянд, аксаран аз имтиҳони сахт ва шикастҳо гузаштаанд ва ҳоло мехоҳанд аз роҳи таҳрири симову ҷисми худ дубора ба як зани дилписанд табдил шаванд.
Барои кӯмак ба бонувон танҳо дар Душанбе даҳҳо марказҳои варзишиву саломатӣ амал мекунад. Таҳқиқоти махсусе дар ин замина вуҷуд надорад, вале мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки шумори муштариёни чунин марказҳо ҳоло на танҳо аз ҳисоби сирф занони сарватманду нозпарвард, балки бонувони синну сол ва машғулиятҳои мухталиф зиёд мешавад. Ин занҳо барои машқи бадан, шиноварӣ, истифодаи тренажер ё дастгоҳҳои варзишӣ меоянд. Дар баробари гузаштан аз дарсҳои махсуси мураббиҳои касбӣ, бо ҳамдигар муошират мекунанд ва дар ингуна мулоқоту вақтгузарониҳо бисёре барои худ як оромиши равонӣ пайдо мекунанд.
Дар 6 моҳ - 10 кг минус
Хонум Лола, ҳамсари як сарватманде аз Душанбе, ки ба хотири вазни зиёдаш баъди таваллуди се фарзанд бештар дар хона буд, ҳоло пои пиёда ҳафтае се бор ба машқгоҳ меравад. Дар ним сол 10 килограмм вазнашро партофта, хеле сабук шудааст, мегӯяд нафасаш ҳам рост шудааст. Вале муҳимтар аз ҳама Лолаи 47-сола эътимод ба нафс пайдо кардааст ва медонад, ки дигар намегузорад шавҳараш ӯро хор кунад:
«Медонед, ман дар як оилаи суннатӣ бузург шудаам. Модарам мегуфт, ахлоқу одоби ҳамида муҳимтар аз ҳама чизи дигар аст. Вале вақте баъди таваллуд ва хонадорӣ тадриҷан фарбеҳ шудам, вазнам 90 кг шуд, шавҳарам маро зери по кард. Писанд намекард, дағал буд. Дар 46-солагӣ бори аввал ба машқгоҳи варзишӣ рафтам. Дар ҳамон ҷо дарк кардам, ки ман зани зебо ҳастам, ҳанӯз ҷавонам ва бояд дар фикри худ бошам».
Лола, ки бо дипломи донишгоҳи политехникӣ рӯзе ҳам кор накардааст, мегӯяд, дар асл на танҳо вазну намуди зоҳирӣ – муҳим фикрронӣ ва боварӣ ба худ аст. «Агар зан беҳуввият бошад, бигузорад, ки ӯро мисли латта таҳқир кунанду эҳтиром накунанд, он замон ӯ худро аз даст медиҳад. Ман дигар аз он марҳила гузаштам». Ба гуфтаи Лола, ҳоло муҳити хона ва равобит бо ҳамсараш ҳам хеле беҳтар шудааст.
Бисёр занон ба оромиши равонӣ ниёзманданд
Ба гуфтаи Заррина, яке аз мураббиёни маркази варзишии “Гармония” дар шаҳри Душанбе ҳангоме, ки занон ба маркази онҳо барои тамрин меоянд, ба онҳо машқи йога пешниҳод мешавад, то баъд аз ин давраи варзишӣ занон тавонанад нахуст ба худашон писанд оянд. Йога дар баробари варзишу ҳаракат, инчунин оромиши равониву рӯҳиро ҳам дар назар мегирад. Дар миёни муштариёни хонум Заррина модарони то панҷ фарзанд ҳам дида мешаванд.
Вай мегӯяд: “Дар воқеъ барои занон худро ба даст гирифтан хеле мушкил аст, чун замона дигар шудааст. Ҳама кору бори хона ба сари онҳо партофта шудааст. Ин боиси ҳассосияти онҳо мешавад”.
Дар ҳоле, ки барои бархе занон, ки фарбеҳӣ ё ноҷинсии онҳо мояи нороҳатии ҳамсаронашон шудааст, мутахассисони ғизо маслиҳат медиҳанд, ки онҳо ба парҳез рӯ биоранд ва ин метавонад барои муносибати ҳасанаи онҳо мусоидат кунад.
Гарави сиҳҳатии бадан - ғизои солим
Парвина Камолова, диетологи тоҷик низ ҳаминро ба занону модарони ҷавон маслиҳату машварат медиҳад: “Ҳама занон ба хотири хушбахтии оилавӣ зиндагиро дӯст медоранд. Онҳо мехоҳанд оилаи солиму хушбахт дошта бошанд. Барои он ки шавҳарон ба занон бо дуруштӣ ва сардӣ накунанд, дар баробари ин ки ба варзиш машғул мешаванд, бояд парҳезро низ риоят кунанд. Агар занон хоҳанд лоғар шаванд, бояд аз ғизои хамирӣ, бирён ва ҳатто ширинӣ даст кашанад. Беҳтар аст, то дар рӯз се литр об нушанд ва пас аз соати 6 бегоҳ дигар ғизо истеъмол накунанд. Ҳамеша субҳона хӯранд. Мавзуи фарбеҳии занон на танҳо ба метоболизм, балки ба гармонҳо низ бастагӣ дорад».
Ҷомеашиносон мегӯянд, аксари бонувони тоҷик баъд аз издивоҷ ва сисолагӣ вазни худро ба якборагӣ тағйир медиҳанд ва фарбеҳ мешаванд. Як омили дигари фарбеҳиро ҳам муттахасисон дар худдории занони ҷавон аз варзиш ва машқи бадан медонанд. Табибон мегӯянд, инсон бояд дорои вазни мӯътадил бошад ва индекси байналмиллалии ташхиси фарбеҳӣ бояд ба эътибор гирифта шавад. Масалан, агар қомати шумо 177 сантиметр бошад, вазни идеалиаш 77 кило аст. Агар аз ин “идеал” зиёд бошад, инсон вазни изофӣ дорад ва вазни изофӣ ҳамеша метавонад сабаби гирифторӣ ба бемориҳои мухталиф, аз ҷумла бемории қанду дил ва безурётӣ шавад.