Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Артиши Тоҷикистон - лашкари коргару деҳқон?


Намояндагони аҳзоби сиёсӣ дар як ҳамоиш мушкилоти даъват ба хидмат дар нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистонро баҳс кардаанд.

«То фарзандони мансабдорон дар баробари фарзандони оддӣ ба хидмат ҷалб нашаванд, мушкили даъват ба сафи артиш дар Тоҷикистон боқӣ хоҳад монд». Чунин буд назари бисёре аз намояндагони бархе созмонҳои ҷамъиятӣ ва аҳзоби сиёсӣ дар нишасти Созмони амният ва хамкории Аврупо дар Душанбе, ки ба мавзӯи риояи ҳуқуқи инсон бахшида шудааст.

Мамлакат Ҷайчиева, муовини раиси ҳизби демократи Тоҷикистон гуфт, як далели фирори ҷавонон аз даъват ба артиш ин аст, ки онҳо дар паҳлуи худ фарзандони мансабдоронро намебинанд.

Дар посух ба ин иддао, Ҳусния Хушдилова, намояндаи вазорати мудофиаи Тоҷикистон гуфт: «Мутаассифона, дар сафи артиш ҳамчун сарбози оддӣ фарзандони мансабдорон нестанд. Лекин ҳамчун афсар зиёданд фарзандони мансабдорон, ки ба ватан хизмат мекунанд. Ин ҳам хизмати ҳарбӣ аст. Масъулияти хидмати афсарӣ нисбат ба хидмати сарбозӣ бештар аст.»

Аммо Музаффар Ашӯров, намояндаи дастгоҳи иҷроияи президенти кишвар гуфт, дар сафи артиш қарор надоштани фарзандони мансабдор ягон кори ғайриқонунӣ нест. Ба гуфтаи Ашӯров, фарзандони мансабдорон дар донишгоҳҳои олӣ таҳсил мекунанд, ки қонун онҳоро аз ҷалб шудан ба артиш озод кардааст.

«Ин ҷо масъаларо ин хел таҳрезӣ кардан лозим нест. Мо дорем қонун дар боарихидмати ҳарбӣ, ки донишҷӯёнро аз хизмати ҳарбӣ озод кардааст. Фарзандони мансабдорон агар хато накунам, шояд 90 дар сад донишҷӯянд. Қонун донишҷӯро аз хизмати ҳарбӣ то анҷоми таҳсил озод кардааст. Вай ҳуқуқ дорад, бо хатми кафедраи ҳарбӣ дар сафи артиш бо рутбаи афсарӣ як сол рафта хидмат кунад. Ин ҷо фаҳмиш бояд ягона бошад, ки онҳо на барқасдона ба хидмат намераванд, балки аз ҳуқуқҳои худ истифода мебаранд.»

Дар ҳамин маврид, Дилрабо Самадова, раҳбари созмони ҷамъиятии «Ампаро» гуфт, ҳамасола вазорати мудофиа ба мушкили ҷалби сарбозон гирифтор аст ва ба хотири пур кардани сафи артиш даст ба «облава» мезананд. Ӯ аз намунаҳое ёд кард, ки дар паи «облава» ҷавонон сиҳатии худро аз даст додаанд.

Дар Тоҷикистон ҳар баҳору тирамоҳ расман ҷавонони сини 18 то 27 сола ба сафи артиш даъват мешаванд, аммо дар аксари ҷавонон аз хидмати ҳарбӣ сарпечӣ карда, ба Русия мераванд. Синну соли даъватӣ дар Тоҷикистон аз 18 то 27- солагӣ муқаррар шудааст ва ҷамъи ҷавонони ин сину сол то 600 ҳазор баршумурда мешавад. Аммо дар ҳар даъват танҳо 15 — 16 ҳазор нафар ба хидмати низомӣ сафарбар мешаванд. Гуфта мешавад, тақрибан 150 000 аз ҷавонони синну соли даъватӣ дар Тоҷикистон аз хидмат дар артиш имтиёз доштаанд. Тибқи қонунҳои Тоҷикистон, донишҷӯёни мактабҳои олӣ, маълулон, онҳое ки алакай ду фарзанд доранд ва ҳам онҳое ки танҳо саробони хонаводаи худанд, аз масъулияти хидмат дар артиш озод мешаванд.

Баҳси шеваҳои даъват ба артиши Тоҷикистон дар нишасти САҲА дар ҳолест, ки ахиран додситони низомии минтақаи Қӯрғонтеппа гуфт, онҳоеро ки талабаҳои мактабро ба артиш сафарбар кардаанд, ба муҷозот хоҳад кашид. Гуфта мешавад, дар ноҳияи Шаҳритӯс, бино бар манобеъи мухталиф, аз 8 то 23 хонандаи мактабро ба артиш бурдаанд.

Сафар Худойдодов, комиссари низомии Шаҳритус, гуфт, ба хизмати ҳарбӣ асосан он мактабхонҳоеро ҷалб кардаанд, ки ба 18-солагӣ расида ва таҳсилашон дар мактаб хуб набуду ахлоқу рафторашон ҳам беҳбуд мехост.
XS
SM
MD
LG