Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пулакӣ шудани зиёрати муқаддасот дар Тоҷикистон


СД

Шурӯъ аз соли ҷорӣ сафари зоирон ба мақбараҳо ва мазорҳои номдори кишвар, ки аҳамияти фарҳангиву таърихӣ доранд, ҳамчун мақбараи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Ҳазрати Султон, Зайнулобиддин ва дигар амокини муқаддас пулакӣ ва тавассути билет мегардад. Вазири фарҳанги Тоҷикистон Раҷаб Амиров дар ин бора, рӯзи сешанбеи 18 апрел дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе иттилоъ дод. Бар тибқи иттилоъи вазири фарҳанг, мазорҳои мазбур аз ҷойгоҳҳои таърихӣ будаву шомили ҳамин вазоратхонаанд ва пулакӣ шудани ин муассисаҳо дар оянда барои рушд ва ҳифзи ёдгориҳои меъморӣ кӯмак хоҳад кард. Вале ҳанӯз маълум нест, шаҳрвандони Тоҷикистон ва рӯҳониён ба ин эъломияи намояндаи ҳукумати Тоҷикистон чӣ вокуниш нишон хоҳанд дод.

Муфассалтар дар ин бора дар бахши гузоришҳои фарҳанг
XS
SM
MD
LG