Кумитаи дин ва танзими расму маросими миллӣ дар Тоҷикистон ба мақомоти маҳаллии кишвар дастур додааст, ки то беҳбуди вазъият барои баргузории маросимҳои арӯсӣ ба сокинон иҷозат надиҳад. Гуфта мешавад, ки баргузории маросимҳои арӯсӣ танҳо баъд аз беҳбуди вазъи беҳдоштии марбут ба паҳншавии бемории COVID-19 имконпазир хоҳад шуд. Ин тасмим аз ҳоло моликони тарабхонаҳоро дар Душанбе нигарон кардааст, ки гузарондани маросимҳои арӯсӣ манбаи даромадашон буд.
Афшин Муқим, сухангӯи Кумитаи дин ва танзими расму маросимҳо рӯзи 26-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, дар моҳи Рамазон сокинон аз баргузории маросимҳои тӯй худдорӣ мекарданд. Аммо ба гуфтаи ин мақоми Кумитаи дин, бо анҷоми моҳи Рамазон сокинон ба сохторҳои маҳаллии ин ниҳод барои гирифтани иҷозаи баргузории тӯйи арӯсӣ зиёд муроҷиат карданд.
"Бо назардошти вазъи паҳншавии бемории COVID-19 ва тавсияҳои Ситоди муқобила бо ин беморӣ дар Тоҷикистон мо ба зерсохторҳои худ дастур додем, ки то ба эътидол омадани вазъият барои баргузории чунин маросимҳо иҷозат надиҳанд",-гуфт сухангӯи Кумитаи дин.
Афшин Муқим афзуд, феълан маълум нест, ки ин маҳдудият то кай давом мекунад. Ба гуфтаи сухангӯи Кумитаи дин, идораҳои Сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ никоҳи навхонадоронро сабт мекунанд, аммо баргузории маросими серодами издивоҷ дертар имконпазир хоҳад шуд.
Ҷамила Қадамова, кордори тарабхонаи "Дидор" дар маҳаллаи "Яккачинор"-и шаҳри Душанбе нигарони ояндаи кораш мебошад. Ӯ мегӯяд, сокинон аз чанд моҳи қабл барои гузарондани тӯй дар ин тарабхона дархост карда, як миқдор пешпардохт ҳам карда буданд. Аммо ба гуфтаи хонум Қадамова, муштариён ҳоло омада маблағҳои худро бозпас мегиранд.
"Мо бошад бояд андоз супорему ба ин қадар корманди худ маош диҳем. Ҳоло ҳайронем, ки аз куҷо барои маоши кормандон маблағ пайдо кунем",-гуфт кордори тарабхонаи “Дидор.”
Аммо танҳо соҳибони тарабхонаҳо нестанд, ки бо қатъи ногаҳонии маросимҳои туй нақшаҳояшон барҳам хӯрдааст.
Марҳамат Исмоиловаи 65-сола, сокини шаҳри Хуҷанд чанд сол ба ин сӯ дар орзӯи маросими арӯсии наберааш буд. Исмоилова бо наздикони домод вақти баргузории тӯйро дар моҳи июл муайян карданд. Аммо паҳншавии бемории COVID-19 ҳоло монеи орзуи ин хонавода дар Хуҷанд шудааст. "Акнун ки баргузории тӯйҳо манъ шудааст, намедонам, кай тӯйи ҷавононро барпо кунем."
Тибқи омори расмӣ ҳамасола дар Тоҷикистон ҳудуди 80 ҳазор мавриди издивоҷи зану мард сабт мешавад. На ҳама аз ин оилаҳо солҳои дароз бо ҳам мемонанд ва соли гузашта беш 12,5 ҳазор оила аз ҳам ҷудо шудаанд.
Ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии бемории COVID-19 то ин дам мақомоти Тоҷикистон дар канори масдуд кардани марзҳо, дари масҷидҳо ва мактабу донишгоҳҳоро бастанд. Сартарошхона, кошонаҳои ҳусн ва бозорҳои фурӯши либосворӣ низ аз оғози моҳи май баста ҳастанд. Ҳамин тавр устохонаҳои таъмири мошинҳо ва марказҳои тафреҳӣ ҳам то чанд муддат ҳаққи фаъолият надоранд. Бо ин ҳама мақомот аз ҷорӣ кардани карантин худдорӣ карданд ва баъзе мансабдорон гуфтанд, ин кор метавонад ба иқтисод таъсири манфӣ расонад.
Корбарони азиз!
Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!