Зимнан, мақсади аслии ҳамоишҳои ин комиссияи байнидавлатии кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба гуфтаи Уктам Муртазоев – мудири маркази илмиву таҳқиқотии комиссияи мазкур дар Тоҷикистон, роҳ надодан ба мухолифатҳои байни ин кишварҳо дар тақсими захоири обии минтақа мебошад. Ҷаноби Муртазоев гуфт: "Инчунин, ин комиссия ба ҳамгироии фаъолияти панҷ давлати минтақа барои якҷоя ва ба тариқи фарогир мавриди баҳрабардорӣ қарор додани захоири обии минтақа мекӯшад ва дар ин замина на рӯёрӯӣ, балки ҳамкориро истиқбол мекунад."
Таҳлилгарони маҳаллӣ мегӯянд, дар мавриде ки нишасти ахири сарони кишварҳои созмони ҳамкориҳои иқтисодии Авруосиё дар Душанбе низ бозбинӣ ва дарёфти роҳҳои ҳалли масъалаи истифодаи муштарак ва об ва захоири энержии минтақаи Осиёи Марказиро ба ояндаи номаълум гузошт, ҷойи умеде ба он ки дар нишасти Хуҷанд сарони мақомоти оби кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҳалли ин масъала ҳарфи наве хоҳанд гуфт, намонда буд. Таҳлилгар – Бобоҷони Икром : "Тақсими об ин як масъалаи сиёсӣ аст, ки бе иштироки сарони давлатҳо ҳаллу фасл намешавад. Аммо утахассисон ва коршиносоне, ки дар ин ҷаласаҳо иштирок мекунанд, метавонанд барои густариши минбаъдаи муносибатҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар масъалаи тақсим ва истифодаи захоири обии минтақа кӯмак кунанд. Аз ин беш дар ҳалли ин масъала коре карда наметавонанд."
Аммо дар нишасти Хуҷанд сарони вазоратҳои оби панҷ кишвари Осиёи Марказӣ боз ҳам сари тақсими нобаробари оби ҳавзаи рӯди Арал, бунеди ниругоҳҳои обии барқ дар рӯдҳои фаромарзии минтақа масоили экологӣ ва баҳс карданд. Кишварҳои поёноби ҳавзаи Арал : Қазоқистон ва Узбакистон – ду баҳрабардори аслии захоири обии минтақа ба таври қотеъ хостори он шудаанд, ки меъёри тақсими об ба ҳоли пешин,аз рӯи созишномаи соли 1992 – и милодӣ собит бимонад. Аз рӯи он созишнома, Узбакистон ними заминҳои обии худ, беш аз як миллион гектарро аз рӯдҳои фаромарзӣ обшор мекунад ва Қазоқистон - дуввум истифодабарандаи асосӣ аз захоири обии минтақа, низ тақрибан ним миллион гектар заминҳои кишти обии худро аз ин ҳисоб обёрӣ мекунад. Ба ақидаи сарони давлатҳои ин кишварҳо, бунёди ниругоҳҳои обии барқ дар рӯдҳои фаромарзӣ аз ҷониби кишварҳои болооби минтақа – Тоҷикистону Қирғизистон ба тақсими захоири обӣ халал ва вазъи экологии минтақа хатар эҷод мекунад.
Шариф Қучқоров – намоянда аз Вазорати оби Узбакистон, аз иштирокдорони нишаст дар ин маврид гуфт, ки дар ҳоли ҳозир мушкил дар тақсими об миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ вуҷуд надорад, аммо бунёди нирӯгоҳҳо дар рӯдхонаҳои фаромарзӣи Сир ва Аму ва рӯдҳои сарчашмаи он, бо он ки имкони ҷамъу танзими обро дар дасти як кишвари алоҳида медиҳад, метавонад дар оянда дар ин росто мушкилоте дар пай оварад. Зимнан, Тоҷикистон ва Қирғизистон – кишварҳои болооби Осиёи Марказӣ, ки бо фикри бунёди ниругоҳҳои обии барқ ба мухолифати шадиди Узбакистон ва Қазоқистон – кишварҳои поёноби минтақа рӯ ба рӯ шудаанд, бо вуҷуди ин ки қисми умдаи захоири обии минтақа аз қаламрави ин кишварҳо сарчашма мегирад, аз он назар ба дигар кишварҳои минтақа кам ва мутаносибан барои обёрии 175 ва 200 ҳазор гектар замини худ истифода мебаранд.
Бароталӣ Қушматов - сарвари кулли департаменти хоҷагии оби Қирғизистон ин ақидаро, ки бунёди ниругоҳҳои обӣ дар рӯдҳои фаромарзӣ ба хушк шудани баҳри Арал сабаб мешавад, беасос мехонад. Ба ақидаи вай: "Дар оянда кишварҳои минтақа дар тақсими захоири обии минтақа, новобаста ба он ки муовфиқанд ё не, бояд бо назардошти манфиатҳои иқтисодии тамоми кишварҳои минтақа кор кунанд. Захоири обии энергетикии кишварҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон бояд мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад, зеро талабот ба нирӯи барқ сол то сол меафзояд." Ин маъниро Уктам Муртазоев - мудири маркази илмиву таҳқиқотии комиссияи мазкур дар Тоҷикистон, ширкатгари ҳамоиши Хуҷанд бо ишора ба барномаҳои энергетикии кишвараш ва иддаои Узбакистон, ки қисмати умдаи сокинони минтақаи осиёи марказиро аз оби кишт маҳрум хоҳад кард, таъкид кард : "Тоҷикистон бастани пеши рӯдҳои фаромарзиро мақсад надорад ва оби обанборҳои нирӯгоҳҳо барои баҳрабардории тамоми кишварҳои минтақа гузошта хоҳад шуд."
Аммо оқои Муртазоев изофа кард, ки соли 2008 – и милодӣ, аз рӯи пешгӯии ҳавошиносон, барои кишварҳои Осиёи Марказӣ соли камобӣ хоҳад буд ва ин ҳолат дар тақсими об мушкилоти нав пеш хоҳад овард. Ба гуфтаи ӯ, захоири обии Тоҷикистон дар соли оянда ба сабаби боришоти кам аз 20 то 25 дар сад коҳиш хоҳад ёфт.